Андоз ва гумрук

 Ислоҳоти мақомоти андоз ва гумрук

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки болотарин сатҳи андоз ва молиёти умумиро дар ҷаҳон дорад ва он ба 65,5 фоиз баробар шудааст, ки ин рақам, тақрибан якуним баробар бештар аз ҳисоби миёнаи минтақа мебошад. Илова бар ин, молиёти ширкатҳо, соҳибкорон ва шаҳрвандон нобаробар ва ноодилона тақсим гашта, вазни асосии андозҳо ва пардохтҳо бар дӯши соҳибкорони хурд ва шаҳрвандони оддӣ қарор гирифтааст. Инчунин, солҳои охир низоми андозбандии ғайриқонунӣ ва ғайривоқеӣ ҷорӣ гаштааст, ки маблағ ва ҳаҷми андоз аз тарафи мақомоти болоӣ, бидуни назардошти вазъи ҳақиқии корхонаҳо муайян мегардад. Барои мисол, мақомот андозро аз ҳаҷми умумии маблағи гардиши молӣ муайян мекунанд, на аз даромад ва ё хароҷоти корхонаҳо.

Чунин низоми андозбандӣ монеи рушди корхонаҳо ва соҳибкорон гашта, ниёз ба ислоҳоти ҷиддӣ ва фаврӣ дорад.

ПМТ бар ин бовар аст, ки давлат набояд тамаркузи худро рӯи фоизи баланди андоз, балки рӯи вусъат бахшидани заминаи он, бештар кардани шумори субъектҳои андозсупоранда ва рушду даромадзоии онҳо дошта бошад. Ҳар миқдор, сатҳи даромадзоии корхонаҳо ва шаҳрвандон боло равад, ба ҳамон андоза маблағи бештар, дар шакли андоз ва пардохтҳо ба буҷа ворид мегардад.

Имрӯз фоизи баланди андозҳо боис гаштааст, ки корхонаҳо муфлис шаванд, соҳибкорон аз тиҷорат ва истеҳсолот даст кашанд ва шаҳрвандони бидуни ҷои кор ва даромад, ба хориҷ рӯ биёранд.

Барои бартараф кардани ин вазъ лозим аст, ки чораҳои зер ба роҳ монда шавад:

— таъсиси гурӯҳи кории махсус аз ҳисоби мутахассисони хориҷӣ ва дохилӣ барои омодасозии барномаи ислоҳоти соҳаи андоз ва гумрук ва омода кардани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ дар ин замина;

— таъсиси комиссияи махсуси ҷамъиятӣ аз ҳисоби ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон ва вакилони мардумии сатҳҳои гуногун, барои назорат аз болои мақомоти андоз ва гумрук;

— комилан электронӣ кардани соҳаи андоз ва гумрук барои пешгирӣ аз фишор ба соҳибкорон ва ришваситонии кормандони молиёт;

— ташдиди ҷазо барои кормандони мақомоти андоз ва гумрук, ки аз мансаб суистифода менамоянд;

— барҳам додани низоми андозбандӣ аз ҳисоби ҳаҷми гардиши молӣ ва роҳандозии андоз танҳо аз ҳаҷми даромад;

— бозбинии низоми имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ ва тамаркуз болои соҳибкорони хурд ва миёна;

— ҳадди ақал ба мизони ду баробар коҳиш додани шумори андозҳо;

— поён бурдани пардохтҳои актсизӣ ва андоз аз моликият;

— ислоҳи низоми «минтақаҳои озоди иқтисодӣ»; мутаассифона ин ташаббус ба таври лозим дар кишвар амал намекунад ва натиҷаи дилхоҳ надорад. Барномарезӣ ва қонунгузории нав дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои туристӣ.