Ҷомеаи Тоҷикистон, як ҷомеаи диндор мебошад ва боиси таассуф аст, ки дар кишвар, то ба ҳол, як сиёсати дуруст ва мантиқие нисбати дин пешбинӣ нашудааст, ки ҷавобгӯи манфиатҳои стратегӣ ва воқеиятҳои давлату миллат бошад. Ҳокимият сиёсатҳои худро дар ин самт бар мабнои он поярезӣ кардааст, ки дин дар умум сарчашмаи ҳамешагии хатар мебошад. Муносибати ҳукумат бо дин ва ташкилотҳои динӣ ҳам аз ҳамин мантиқ сарчашма мегирад. Агарчӣ мақомот ҳамеша сиёсатҳои худро дар муносибат бо дин, зери шиори мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дунявӣ, амалӣ кардаанд, аммо дар асл, мантиқи ғалат ва амалҳои иштибоҳ, боиси рушди ифротгароӣ ва зарба хурдани арзишҳои миллӣ ва дунявӣ дар кишвар гаштаанд.
Бинобар ин, ПМТ иқдомҳои зерро дар самти сиёсатҳои динӣ роҳандозӣ хоҳад намуд:
— асли ҷудоии давлат аз ташкилотҳои динӣ, (на аз дин) ва дахолат накардан ба умури ҳамдигар, бояд ба таври комил ва дуҷониба амалӣ гардад;
— асли конститутсионии озодии виҷдон ва пайравии озодона дар диндорӣ ё адами диндорӣ ва ё эътиқоди хос, ба таври комил бояд таъмин гардад ва ҳеч инсоне барои эътиқодоти хеш, набояд мавриди таъқибу фишор қарор гирад;
— муносибати давлат бо дин, на бар мабнои рақобат ва зиддияту тарс аз ҳамдигар, балки руҳияи ҳамкорӣ, мушорикат, ҳамдигарфаҳмӣ ва адами дахолат дар умури якдигар шакл мегирад;
— ислоҳоти асосӣ ва решаӣ дар идораҳо ва сохторҳои умури динии кишвар сурат хоҳад гирифт;
— интихоб ва ё таъйини роҳбарияти ташкилотҳои динӣ, имомҳо ва кормандони он, комилан дар ихтиёри худи ташкилотҳои динӣ, пайравон ва ё аъзои ташкилотҳои динӣ вогузор мешавад;
— таҷрибаи атестатсия ва имтиҳонгирии имомҳо ва ё кормандони ташкилоти динӣ, инчунин дахолат дар интихоб ва таъйини онҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ қатъ гашта, комилан ба ихтиёри худи ташкилот ва диндорон гузошта мешавад. Таҷриба нишон додааст, ки дахолати мақомот боиси ривоҷи ришваситонӣ, фасод ва вуруди афроди ғайриҳирфаӣ ва тасодуфӣ дар умури динӣ гаштааст;
— давлат тамоми шароити қонуниро барои гирифтани таҳсилоти динӣ ва анҷоми ибодатҳо барои пайравони ҳамаи адён муҳайё месозад;
— дар сурати тамоюл, ҳар инсон ҳақ дорад таҳсилоти динии худро дар хориҷи кишвар, бидуни фишори мақомот идома диҳад;
— барои рақобатпазир будани муассисоти таълимии динии кишвар бо ҳамтоёни хориҷии худ ва барои пешгирӣ аз зарурати рафтани донишҷӯёни динӣ ба хориҷ, давлат шароити рушди чунин муассисотро дар дохил таъмин мекунад;
— дар мактабҳои миёна, воҳидҳои дарсии ғайриилзомӣ (факултативӣ) барои гирифтани маълумоти аввалия, дар бораи усули дин, ҷорӣ карда мешавад;
— тамоми маҳдудиятҳое, ки солҳои охир ба қонунгузорӣ ворид карда шудаанд ва боиси поймол гаштани ҳуқуқ ва озодиҳои динии мардум гаштаанд, аз байн бурда мешаванд;
— қонунгузории кишвар дар соҳаи дин, набояд бо санадҳои байналмилалии эътирофшуда аз тарафи Тоҷикистон ва меъёрҳои мазҳабиву миллии мардум мухолифат дошта бошанд;
— интихоби либос, намуди зоҳирӣ ва ширкат дар маросимҳои динӣ, аз ҳуқуқи фитрии ҳар фард буда, мақомоти давлатӣ ҳаққи дахолат дар ҳаёти шахсии инсонҳоро надоранд;
— поймол кардани озодиҳо ва ҳуқуқи мазҳабии шаҳрвандон яке аз ҷиноятҳои сангин ба шумор хоҳад рафт;
— ҳамчуноне ки мақомоти давлатӣ ҳаққи дахолат дар умури дохилии ташкилоти диниро надоранд, ташкилоти динӣ ҳам ҳаққи дахолат дар умури давлатӣ ва суистифода аз эҳсосот ва боварҳои мардумро нахоҳанд дошт. Таҳмили ақида ва боварҳо, инчунин, таҳқири ақида ва боварҳои дигарон, ҷинояти сангин маҳсуб хоҳад шуд.