Муқаддима

Муқаддима

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) аз рӯзи таъсиси худ дар соли 2018 мавқеъ ва дидгоҳҳои худро дар бораи чигунагии мудирияти ояндаи кишвар, дар шакл ва муносибатҳои гуногун баён кардааст. То ба ҳол, ин дидгоҳҳо ва барномаҳо дар шакли ҷомеъ ва дар қолаби барномаи стратегӣ нашр нашудаанд. Дар ин санад, бори аввал дидгоҳҳо ва барномаҳои асосии Паймони Миллии Тоҷикистон нашр мешаванд.

Қарор буд, ки Шӯрои Роҳбарии ПМТ барномаи худро соли гузашта ба муносибати дусолагии таъсиси ПМТ омода ва эълон намояд, аммо роҳбарияти ПМТ ба ин натиҷа расид, ки беҳтар аст, ин барнома бо ҳамкории коршиносон, мутахассисон ва афроди ботаҷриба дар соҳаҳои гуногун омода ва дорои вижагиҳои зер бошад:

— дур аз шиорпардозӣ;

— воқеъбинона ва амалишаванда;

— созгор ба манфиатҳои миллат ва меъёрҳои байналмилалӣ;

— мухтасар ва оммафаҳм;

— қобили бозбинӣ ва ислоҳпазир.

Лозим ба ёдоварист, ки гурӯҳи корӣ аз тақлид ва нусхабардорӣ аз равиш ва моҳияти дигар барномаҳо худдорӣ карда, талош намуд, то ҳадде, ки имкон дорад, аз истифодаи мафҳумҳо ва вожаҳои печидаи чандпаҳлӯ ва норавшан худдорӣ намуда ва дар айни соддагӣ, воқеиятҳои кишварро дар назар бигирад ва бар асоси ниёзҳои аввалияи мардум ва ормонҳои асили миллат бошад.

Барномаи ПМТ мисли ҳар санади дигар, аз нуқсонҳо холӣ набуда, метавонад мавриди нақд ва бозбинӣ қарор бигирад. Бинобар ин, ПМТ аз ҳама гуна нақд, таҳлил, эрод ва пешниҳодҳои созанда ба ин барнома истиқбол намуда, онҳоро дар рафти такмил ва амалӣ намудани барнома ба назар мегирад.

Роҳбарияти Паймони Миллии Тоҷикистон ба ҳамаи касоне, ки дар омода кардани ин барнома саҳм доштанд, миннатдорӣ баён менамояд.

Паймони Миллии Тоҷикистон ҷонибдори бино кардани Тоҷикистони мустақил, демократӣ, пешрафта ва дунявӣ мебошад, ки дар он ҳамаи шароит барои ҳимояти ҳуқуқ ва озодиҳои башар, ҳифзи арзишҳо ва анъанаҳои милливу динӣ вуҷуд дошта бошад. Ҳамзамон, бар ин бовар аст, ки рушд ва таҳкими минбаъдаи давлатдории миллӣ ва истиқлолияти кишвар шарти асосӣ ва зербинои рушди иқтисодиёти кишвар ва фарҳанги миллӣ мебошанд.

Барномаҳои Паймони Миллии Тоҷикистон барои таҳаққуқи ҳамин ҳадафҳо равона шудаанд.

Барои расидан ба ин ҳадафҳо, лозим аст, аслҳои зерин риоят шаванд:

1. Истиқлолият ва худмухторӣ (суверенитет); ба ин маъно, ки ҳангоми пешниҳоди қарорҳои муҳим барои кишвар, танҳо манфиатҳои миллӣ ба инобат гирифта мешаванд, на манфиатҳои кишварҳои дигар, ё гурӯҳҳову ҳизбу созмонҳо ва ашхосу минтақаҳои алоҳида;

2. Адолат ва баробарҳуқуқӣ; ба ин маъно, ки ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз гароишоти динӣ, қавмӣ, маҳаллӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, назди давлат ва қонун баробар мебошанд ва дастрасии баробар ба таҳсил, имконоти умумӣ, таъмини иҷтимоӣ, тандурустӣ, иқтисод ва кору фаъолият дар мақомоти давлатӣ доранд;

3. Ҳимоят аз арзишҳои миллӣ ва маънавӣ; ба ин баён, ки раванди ислоҳот, рушд ва замонавӣ гардонидани ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар, бояд ҳамзамон бо ҳифзи арзишҳои миллӣ, мазҳабӣ ва хонаводагӣ сурат бигирад, ки тӯли асрҳо зербинои ҳувияти миллии ҷомеаи моро ташкил медоданд;

4. Ғайриидеологӣ ва замонавӣ сохтани низоми сиёсӣ ва иқтисодии кишвар; ба ин маъно, ки низоми сиёсӣ ва иқтисодии кишвар пойбанди ҳеч идеологияи хосси сиёсӣ ва мазҳабӣ набуда, бар мабнои шаффофият, рақобатпазирӣ ва гуногуншаклӣ сохта мешавад. Пайваста ворид намудани ислоҳот ва технологияи муосир ба сиёсат ва иқтисодиёти кишвар яке аз шартҳои асосӣ маҳсуб мешаванд.

Паймони Миллии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки низоми имрӯзаи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми кишвар ва меъёрҳои як ҷомеаи муосир набуда, барои ояндаи давлатдории миллии мо таҳдиди бузурге ба шумор меравад. Бинобар ин, ПМТ амалӣ намудани ислоҳоти бидуни таъхир, решаӣ ва ҳамаҷониба дар ояндаи наздикро яке аз вазифаҳои асосии худ медонад. Ислоҳот ва дигаргунӣ бояд тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварро фаро бигирад, бо шумули сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, илм, маориф ва тандурустӣ.