Матбуот ва озодии сухан
ПМТ бар ин назар аст, ки вуҷуди расонаҳои мустақил ва таъмини озодии баён ва фикр, яке аз лозимаҳои як ҷомеаи озод ва пешрафтаи муосир мебошад. Бидуни доштани матбуоти мустақил, расидан ба ҳадафҳое мисли мубориза бо коррупсия, шаффофсозии ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, интихоботи озод ва доштани ҳокимияти масъулиятпазир шиоре беш нестанд.
Тоҷикистон бори аввал, пас аз расидан ба истиқлолият ва бори дуюм, пас аз имзои Созишномаи сулҳ, муддати кӯтоҳе, расонаҳои нисбатан мустақил ва фазои нисбатан озоди иттилоотиро таҷриба кардааст. Дар ҳар ду давра, бо фишор ва талошҳои зиёди нерӯҳои мардумӣ ва равшанфикрон, ин натиҷаҳо ба даст омада буд. Аммо бо даст додани камтарин фурсат ва имконият, ҳокимият расонаҳои мустақилро саркӯб ва озодии матбуотро аз байн бурд ва имрӯз кишвари мо яке аз поёнтарин ҷойгоҳро аз назари озодии матбуот ва расона соҳиб гаштааст.
Набудани матбуоти озод таъсири манфии худро ба ҳамаи самтҳои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоӣ гузоштааст. Ҳокимият матбуотро танҳо ба як василаи пропаганда ва таблиғотӣ табдил дода ва онро комилан дар ихтиёри худ гирифтааст.
Бинобар ин, ПМТ чораҳои зерро барои таъмини озодии матбуот ва расона ва ҳаққи раъй дар назар дорад:
— таъсиси як гурӯҳи корӣ бо ширкати журналистони маъруф, соҳибони расонаҳо ва ҳуқуқшиносон барои омода кардани тарҳи нави қонун дар бораи матбуот;
— аз байн бурдани ҳамаи монеаҳои ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва молиявӣ барои таъсис ва фаъолияти расонаҳои мустақил;
— минималӣ кардани талабот барои сабт ва роҳандозии расона;
— барои 5 сол додани имтиёзҳои андоз ва пардохти ҳамагуна молиёт ба расонаҳо;
— барҳам додани мақоми давлатии расонаҳо, аз ҷумла радио ва телевизион ва ҷамъиятӣ ё хусусисозии онҳо. Дар як кишвари демократӣ, ҳукумат ва нерӯҳои сиёсӣ набояд расона дошта бошад, зеро дар тобеияти худ доштани расона, барои ҳукумат ва нерӯҳои сиёсӣ, боиси суистифода аз он ва ҳамчун василаи пропаганда ва таблиғот истифода бурдани он мешавад. Кофист мақомоти давлатӣ ва нерӯҳои сиёсӣ, тавассути баёнияҳо, нишастҳои матбуотӣ ва ё сухангӯёни худ, иттилоотро дар ихтиёри расонаҳо ва ҷомеа қарор диҳанд;
— давлат метавонад ба расонаҳои миллӣ, дар асоси озмун ва шаффофият, кӯмаки молӣ расонад, (ин мавзӯъ барои се соли аавали таъсиси Ҳукумати миллӣ, бояд ҳатмӣ бошад). Маблағҳое, ки то имрӯз ба расонаҳои ҳукуматӣ ва соҳавӣ ихтисос дода мешаванд, минбаъд тавассути Шӯрои миллии расонаҳо, (ё ҳар созмони миллии мустақилли дигаре, ки худи рӯзноманигорон ва соҳибони расона таъсис ва мудирият хоҳанд кард), ба расонаҳои миллӣ ва хусусӣ тақсим карда мешавад;
— фишор, таҳдид ва мамониат аз фаъолияти расонаҳо, ба унвони ҷинояти сангин ба шумор рафта ва мушоҳидаи он аз тарафи мақомоти давлатӣ, ҷазои вазнин ба бор хоҳад дошт;
— ҳамзамон, суистифода аз озодии матбуот ва расонаҳо, таҳқиру шонтож, беобрӯ кардан, дахолат ба зиндагии шахсии шаҳрвандон ва ошкор кардани онҳо бо истифода аз расона, ҷинояти бисёр сангин дониста мешавад;
— бекор кардани ҷазои расонаҳо ва рӯзноманигорон барои танқид ва ё таҳқири президент. Ин масъала бояд дар чорчӯби ҳуқуқ ва қонунгузории умумӣ мавриди баррасӣ қарор гирад ва масъалаи танқид ва ё таҳқири президент, мисли ҳар шаҳрванди оддии кишвар дида шавад. Зеро вуҷуд доштани чунин як меъёр ва имтиёзи хос барои президент, чунин бардошти ғалатеро ба вуҷуд меорад, ки ба ғайр аз президент, метавон ҳамаи афроди дигари ҷомеаро таҳқир намуд. Обрӯ ва ҳайсияти ҳамаи шаҳрвандон бояд дар назди қонун баробар ва мусовӣ бошад;
— ҳукумати ояндаи Тоҷикистон ҳаққи ҳидоят, ҷиҳатдиҳӣ ва роҳнамоии фаъолияти расонаҳоро надорад;
— дастрасии бевоситаву мустақил ба чопхонаҳо. Мутаассифона яке аз василаи фишор ба расонаҳои чопии кишвар, таҳти назорат будани тамоми чопхонаҳост. Ба хотири пешгирӣ аз шароити мазкур, ҳукумати ояндаи Тоҷикистон кафолати фаъолияти озодонаи чопхонаҳо ва рақобати озод байни онҳоро таъмин хоҳад кард;
— Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ва дигар мақомоти қудратӣ, инчунин, идораҳои дигари давлатӣ ҳаққи тафтишу таҳдид ва дахолат дар кори расонаҳои Тоҷикистонро надоранд. Бояд гуфт, ки солҳои охир таҳдид, шонтож ва монеатарошӣ ба кори расонаҳо, аз тарафи мақомоти давлатӣ, (бахусус маъмурони амниятӣ), як падидаи маъмулӣ гаштааст, ки боиси ҷорӣ намудани худсонсурӣ аз тарафи расонаҳо шудааст. Бахусус нақши КДАМ аз тариқи ниҳоди хос ва ғайриқонуние бо номи «кураторҳои матбуот», барои аз байн бурдани озодии баён дар кишвар нақши муҳим доштааст. Ҳукумати ояндаи кишвар кафолат медиҳад, ки дар сурати ба сари қудрат омадан, ниҳодҳои давлатӣ, ҳеч салоҳияте барои дахолат дар кори расонаҳоро (хориҷ аз чорчӯби қонун) нахоҳанд дошт;
— эътирози дастаҷамъона яке аз шаклҳои дигари баёни андеша ва озодии раъй мебошад. Ин ҳаққи озодии баён барои мардуми кишвар дар доираи қонун бозгардонда хоҳад шуд. Ногуфта намонад, ки Паймони Миллӣ озодии баёнро яке аз шартҳои ҳатмии рушди иқтисодӣ ва сиёсии кишвар медонад ва барои фаъолияти озодона ва амни рӯзноманигорон, тамоми талоши худро хоҳад кард. Яке аз ҷиддитарин иштибоҳот ва ҷиноёти ҳукумати имрӯзаи кишвар, ҷорӣ намудани сонсури ғайриаланӣ, таҳти назорати комил гирифтан, ҳидоят намудан, ҷиҳатдиҳӣ ва мушаххас кардани сиёсати расонаҳо мебошад. Барои такрор нашудани ин ҳолат, фаъолияту рисолати ҳукумати оянда, пайваста зери назорати низоми додгоҳӣ ва ҷомеа қарор хоҳад гирифт.