Ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва сохторӣ
Низоми сиёсии имрӯзаи Тоҷикистон ҳирамеро мемонад, ки дар қуллаи он як гурӯҳи хурди одамони наздик ба Президент ва хонаводаи ӯ қарор доранд. Ин гурӯҳи хурд, на танҳо тамоми соҳаҳои муҳим ва сердаромади иқтисодии кишварро хусусӣ кардаанд, балки низоми иқтисодӣ ва молиявиро низ, пурра дар ихтиёри худ гирифтаанд. Ҳамаи мансабҳои калидӣ дар сохторҳои давлатӣ ба наздикони Президент ва ё ҳамшаҳриҳои ӯ тааллуқ доранд. Артиш, сохторҳои амниятӣ ва ҳифзи хуқуқ бовосита ва ё бевосита аз тарафи ҳамин гурӯҳи хурд идора шуда, вазифаи асосиашон ҳифзи моликият ва қудрати як хонавода мебошад. Меъёри аслӣ барои интихоб ва таъйини кадрҳо дар сохторҳои давлатӣ, на шоистасолорӣ ва мутахассис будани афрод, балки садоқат ба як шахс ва хостаҳои ӯ ва хонаводааш мебошад.
Дар кишвар, қоидаи тақсими қудрат байни шохаҳои ҳокимият амал намекунад — шохаи қонунгузор (порлумон) ва судӣ пурра дар тобеияти Дастгоҳи президент ва худи Президент мебошад. Дар кишвар, амалан низоми якҳизбӣ барқарор шудааст — ҳамаи интихоботҳо ба фоидаи ҳизби ҳоким ва чанд ҳизби маснӯӣ дасткорӣ мешаванд ва намояндагони ин ҳизбҳо, ҳатто ҷуръати инро надоранд, ки худро оппозитсионӣ биноманд. Ҳамин тавр, Парлумон танҳо нақши тасдиқкунандаи қонунҳоеро дорад, ки аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи Президент ироа мешавад.
Дар чунин шароит, ҳамаи қонунҳо ва қарорҳои муҳимми давлатӣ, на ба манфиати мардум, балки ба нафъи як гурӯҳи хурд ва ширкатҳои тобеи онҳо қабул мешаванд. Ҳокимияти феълӣ, барои бехосият намудан ва пинҳон сохтани мухолифатҳо ва норизоиятии мардум, озодии сухан ва матбуотро комилан аз байн бурдааст ва бо ҷорӣ намудани сензураи ғайриаланӣ ва масдуд кардани интернет, фазои иттилоотиро комилан таҳти контроли худ даровардааст.
Чунин низоми давлатдорӣ наметавонад бодавом ва босубот бошад, ки худ ояндаи кишвар ва истиқлолияти онро бо хатар мувоҷеҳ мекунад. Нокоромадии ин низом, худро дар замонҳои бӯҳронӣ, бахусус замони пандемия, хуб нишон дод. Ҳокимият ба ҷои ҷорӣ намудани ислоҳот ва амалӣ кардани як барномаи ҷомеи зиддибӯҳронӣ, мисли гузашта, қарорҳоро тавре қабул мекунад, ки ба фоидаи тиҷорати хонаводагӣ ва манфиати як гурӯҳ бошанд.
Бинобар ин, барои берун рафтан аз ин бунбаст, ПМТ амалӣ кардани чораҳои зерро лозим медонад.
Ислоҳоти сохторҳои марказии ҳокимияти давлатӣ
— Ихтисори шумори вазоратхонаҳову идораҳои давлатӣ ва кормандони он то 30 фоиз. Ин кор, на танҳо пеши роҳи хароҷотҳои изофиро мегирад, балки мудирияти низоми давлатдориро осонтар мегардонад. Имрӯз шумори вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Тоҷикистон аз Амрико, Олмон ва дигар кишварҳои бузургу пешрафта бештар буда, баробари Чин мебошад, (ки якуним миллиард аҳолӣ дорад);
— то ҳадде боло бурдани маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ ва ҷорӣ намудани имтиёзҳои лозима барои масъулин ва кормандони масъулиятшинос ва бовиҷдони давлатӣ, ба хотири коҳиши суистифода аз мансаб ва фасоди идорӣ ва боло бурдани самаранокии фаъолияти мансабдорони давлатӣ;
— додани салоҳияти бештар ба сарвазир, аз ҷумлаи бахше аз салоҳиятҳоест, ки имрӯз роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент дорад. Дастгоҳи иҷроияи Президент набояд мисли як шохаи алоҳидаи ҳокимият амал намояд, чуноне, ки имрӯз ҳаст, балки як сохтори маҳдуди машваратӣ ва техникии кӯмакрасон ба Президенти кишвар бошад. Ислоҳоти мазкур боиси тақсими беҳтар ва тавозуни қудрат байни шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ гашта, қоидаи таодул ва бознигаҳдориро байни ин шохаҳо таъмин мекунад. Дар чунин низоми давлатдорӣ, масъулиятпазирии ҳокимияти давлатӣ боло рафта, нақши асосиро дар сохторҳои давлатӣ на сиёсатмадорон, балки мутахассисони технократ ва мудирони ҳирфаӣ ва ботаҷриба анҷом хоҳанд дод. Дар натиҷа, ҳокимияти давлатӣ, на ба нафъи президент ва ё гурӯҳи ҳоким, балки ба фоидаи ҳамаи ҷомеа амал хоҳад кард;
— коҳиши мӯҳлати давраи президентӣ аз 7 ба 5 сол ва қонунан ва бидуни истисно, набояд иҷозат дод, ки як нафар, бештар аз ду маротиба президенти кишвар интихоб шавад.
Ислоҳоти сохторҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
— боло бурдани нақш ва салоҳияти масъулини маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҷамоатҳо, мақомоти шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, дар ҳалли мушкилоти минтақавӣ, муайян кардани стратегияи амалишавандаи рушди минтақаҳо, тақсими одилонаи сарватҳо ва маблағҳо байни марказ ва минтақаҳо, инчунин маблағгузории бештари рушди зерсохтҳо, мактабу муассисоти иҷтимоӣ ва тандурустӣ;
— дар ихтиёри минтақаҳо (шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо) гузоштани қисми бештари андозҳо ва молиёти ҷамъоваришуда, ба хотири боло бурдани имконоти онҳо, барои амалисозии тарҳу барномаҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ;
— боло бурдани салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар муайян кардани стратегияи рушди маҳалҳо ва роҳҳои хосси муносиб бо ҳар минтақа, дар раванди иҷрои ин тарҳҳо; бо дар назардошти ин мавзӯъ, ки мақомоти маҳаллӣ ниёзҳо ва мушкилоти манотиқи худро, беҳтар аз мақомоти марказӣ медонанд ва онҳо дар ин масъала, салоҳияту имконоти бештареро бояд дошта бошанд.
Ин ислоҳот ва чораандешиҳо фишор рӯи мақомоти марказии давлатиро камтар карда, масъулиятшиносӣ ва самаранокии фаъолияти мақомоти маҳаллиро боло мебарад ва имкон медиҳад, ки мақомоти маҳаллӣ, сари вақт ва бо имконоти бештар ба чолишҳои рӯзмарра вокуниш нишон диҳанд.
Ислоҳоти ҳокимияти қонунгузор (порлумон) ва низоми интихоботӣ
Ислоҳот дар низоми интихоботӣ (президент, порлумон ва мақомоти маҳаллӣ) ва комиссияҳои интихоботӣ
— раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) аз тарафи порлумон, аз ҳисоби афроди мустақил ва бетарафи ғайриҳизбӣ интихоб мешавад, ки рабте ба ҳокимияти иҷроия ва нерӯҳои сиёсӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва молӣ надошта бошанд. Ин шарт барои таъмини истиқлолият ва бетарафии КМИР муҳим мебошад;
— комиссияҳои маҳаллии интихоботӣ аз ҳисоби афроди мустақил ва дар асоси озмун ва шартномаи муваққатӣ интихоб мешаванд. Узвияти аъзои ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ширкаткунанда дар интихоботҳо ва кормандони соҳаҳои буҷавӣ дар ҳайати комиссияҳои интихоботӣ мамнӯъ мебошад;
— тақаллуби раъйи интихобкунандагон ва мусоидат ба он, ҳамчун амали ҷиноии давлатӣ эътироф шуда, нисбати чунин ҷиноятҳо ҷазои сахт таъин мешавад;
— маблағи гаравпулӣ барои ширкат дар интихобот аз байн бардошта мешавад;
— маҳдудиятҳо барои номзадӣ ба мақоми президент ва вакили порлумон, барои шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирон, комилан бардошта мешавад;
— ҳадди нисоб (пороговый барьер) барои ҳизбҳои сиёсӣ то 2% поин оварда мешавад;
— баргузории мунозираҳои (дебатҳои) оммавӣ ва телевизионӣ барои номзадҳо (ба мақоми президент ва вакили порлумон) ва ҳизбҳо ҳатмӣ мешавад;
— интихоботҳо ва шумориши раъйи интихобкунандагон ба таври электронӣ ва бо таъмини техникиву барномавии ширкатҳои хориҷӣ, бар асоси озмуни байналмилалӣ баргузор мегарданд. Бо ин тариқ, аз дахолати афрод ва доираҳои манфиатдор ба рафти интихобот ва шумориши раъй, пешгирӣ мешавад;
— дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ, ҳангоми шумориш ва эълони раъйи мардум, ширкати нозирони маҳаллӣ, аз тарафи номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, нозирони байналмилалӣ, расонаҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин мешавад. Дар сурати мушоҳидаи ҳар гуна қонуншиканӣ, нозирон метавонанд муваққатан раванди овоздиҳӣ ва шумориши раъйро боздоранд;
— рафти интихобот ва шумориши овозҳо дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ ба таври онлойн пахш мешавад, то ҳамаи мардум имкони назорат бар раванди интихоботро дошта бошанд;
— баргузории назарсанҷиҳо қабл аз интихобот ва баъд аз раъйдиҳӣ (экзитпол) аз тарафи марказҳои назарсанҷии мустақил ҳатмӣ мебошад;
— натиҷаҳои пешакии интихобот дар ҳар ҳавзаи интихоботӣ, билофосила пас аз шумориши овозҳо, на дертар аз як соат, ба тариқи онлойн эълон мешавад;