• Home
  • /
  • Моҳи шарифи Рамазон муборак

Моҳи шарифи Рамазон муборак - pmtj.org

Моҳи шарифи Рамазон муборак

Admin February 18, 2026 0 Comments
Ба номи Худованди Бахшоянда ва бениҳоят Меҳрубон
Паймони миллии Тоҷикистон фарорасии моҳи мубораки Рамазонро ба тамоми мусалмонони ҷаҳон, бахусус ба мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик мегӯяд.
Моҳи Рамазон моҳи раҳмату мағфират, моҳи худсозӣ ва тақвост. Рамазон моҳест, ки дар он арзишҳои волои инсондӯстӣ, адолат, сабр ва ҳамдигарфаҳмӣ эҳё мегарданд.
Дар шароити ҳассоси имрӯзи ҷаҳон, замоне, ки ҷангҳо, бесуботӣ, фақр ва зулм дар гушаву канори олам, аз ҷумла дар иддае аз кишварҳои мусалмонӣ қалби башариятро захмӣ кардаанд, Рамазон омад, то ба ҷаҳони пурғубор паёми равшан диҳад, ки метавон бо сабру матонат аз торикӣ ба рӯшноӣ баромад, нафратро ба муҳаббат табдил дод ва бо истодагарӣ ва устуворӣ метавон ба сӯи мурод расид.
Мардуми Тоҷикистон низ ин моҳи шарифро дар вазъияте истиқбол мегиранд, ки бо мушкилоти сангини иқтисодӣ, муҳоҷирати маҷбурӣ, маҳдуд шудани фазои озоди шаҳрвандӣ ва фишор бар арзишҳои динӣ ва фарҳангӣ ҳамроҳ мебошад. Бо вуҷуди ин, мо итминон дорем, ки иродаи матин, имон ва умеди мардум нерӯест, ки метавонад роҳи фардои беҳтарро боз кунад.
Паймони миллии Тоҷикистон умедвор аст, ки моҳи Рамазон барои ҳамаи мусалмонон, аз ҷумла барои ҳамватанони мо, моҳи ҳамдилӣ, оромиши руҳӣ, эҳёи виҷдон ва тақвияти иродаву имон гардад.
Аз Худованди Мутаъол мехоҳем, ки дуоҳои рӯзадоронро қабул намуда, ба мардуми Тоҷикистон сулҳи воқеъӣ, ҳамдилӣ, адолат, амният, зиндагии шоиста ва ояндаи нек ато фармояд.
Моҳи шарифи Рамазон муборак бод!
Бо эҳтиром,
Паймони миллии Тоҷикистон

Tags:

Share: