Ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ
Пандемияи Ковид-19 нишон дод, ки соҳаи тандурустии Тоҷикистон дучори мушкилоти ҷиддӣ мебошад. Шумори ками муассисоти тиббӣ, камбуди мутахассисони ҳирфаӣ, зерсохтҳои кӯҳнашуда, сатҳи поини хидматрасонӣ ва табобат, ришваситонӣ ва гаронии табобату доруворӣ аз мушкилоти аслӣ мебошанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ, поёнтарин сатҳи маблағгузории давлатӣ дар соҳаи тибро дорад, ки ҳамагӣ 55 доллар барои ҳар нафарро ташкил медиҳад.
Ришваситонӣ ва вуҷуди муомилоти пинҳонию ғайриқонунӣ дар соҳаи тиб яке аз воқеиятҳоест, ки сиёсатҳои ҳукумат дар ин соҳа ба вуҷуд овардааст. Агарчӣ тибқи Конститутсия, шаҳрвандон, бахусус камбизоатон, ба табобати бепул ҳақ доранд, аммо дар амал тиҷорати пинҳонии хадамоти тиббӣ роҳандозӣ шудааст. Маоши поини кормандони соҳаи тиб, онҳоро маҷбур намудааст, ки мутахассисон ё рӯ ба ришваситонӣ биёваранд ва ё ба кишварҳои дигар ҳиҷрат кунанд. Дар натиҷа, кишвар ба камбуди шадиди норасоии мутахассисони соҳаи тиб рӯ ба рӯст ва тибқи омори расмӣ, ин камбуд баробари 79,7%-ро нисбат ба талабот, нишон медиҳад.
Паймони Миллӣ бар ин бовар аст, ки барои ислоҳи вазъ бояд тағйироти решаӣ дар соҳаи тиб анҷом шавад, аз ҷумла:
— ҷорӣ намудани низоми суғуртаи тиббӣ, ки ба ҳар шаҳрванд гирифтани табобати босифати арзон ва барои қишрҳои камбизоат, табобати ройгонро таъмин кунад. Низоми суғуртаи тиббӣ бояд тавре бошад, ки ҳеч шаҳрванд, бахусус қишрҳои осебпазир, аз он маҳрум намонад. Пешбинӣ кардани шаклҳои гуногуни суғуртаи тиббӣ вобаста ба имконот ва шароити ҳар шаҳрванд;
— барномарезӣ барои пешгирии фасод дар муассисоти тиббӣ, дар чорчӯби муборизаи воқеӣ бо фасод дар кишвар. Аз тарафе бояд назорат ва ҷазо барои ришваситонӣ шадидтар гардад ва аз тарафи дигар, бояд маош ва имтиёзҳои кормандони соҳа бештар шавад;
— ҷорӣ намудани имтиёзоти махсус барои табибон, бахусус дар деҳот ва минтақаҳои дурафтода. Аз ҷумла таъмини шароити иҷтимоӣ ва молии муносиб барои ташвиқи мутахассисон;
— ҷорӣ намудани шабакаи дорухонаҳо (ва ё гӯшаҳои махсус) барои нафақахӯрон ва камбизоатон, ки доруворӣ бо нархҳои арзонтар ва ё ройгон тааллуқ бигирад;
— рушди низоми электронӣ дар соҳа. Дар кишвари кӯҳистонӣ, мисли Тоҷикистон, ки аксари аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд, дастрасӣ ба маълумот ва машваратҳои тиббӣ аз тариқи интернет, камбуди муассисоти тиббӣ ва хадамоти мутахассисонро то ҳадде ҷуброн мекунад;
— таъсиси клиникаҳои машваратии онлойн, ки ҳам ба аҳолӣ ва ҳам ба мутахассисон кӯмаки машваратӣ мерасонад;
— ҷорӣ намудани имтиёзот ва шароити осонтар барои сармоягузорӣ дар беморхонаҳо ва клиникаҳои тиббии хусусӣ. Бахусус беморхона ва клиникаҳое, ки дар деҳот ва минтақаҳои кӯҳистонӣ сохта мешаванд ва ба қишрҳои камбизоат хидмат мерасонанд;
— барномарезӣ ҷиҳати пешбинии имтиёзот барои сармоягузорӣ дар рушди соҳаи фармасевтика ва дорусозӣ дар дохили кишвар;
— ба вуҷуд овардани шароит барои ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ дар соҳаи тиб;
— табобати бемориҳои вазнин, бахусус бемориҳое, ки дар натиҷаи шароити ногувори иҷтимоӣ пеш меоянд, бояд бар ӯҳдаи давлат бошад. Табобати шаҳрвандони болои 60 сол, кӯдакони то синни мактабӣ, инвалидҳо ва камбизоатон бояд бар ӯҳдаи давлат бошад;
— қадам ба қадам гузаштан аз низоми бемористонҳо ва клиникаҳои бузурги давлатӣ ба низоми бемористонҳо ва дармонгоҳҳои маҳаллӣ ва «дастрасии нимсоата», ки ҳар як шаҳрванд битавонад дар муддати на бештар аз ним соат ба бемористон ва дармонгоҳ дастрасӣ дошта бошад.