Бубинед, таърихи инсоният лаҳзаҳое дорад, ки дар онҳо системаи арзишҳо, маъниҳо ва бинишҳои ҳаётӣ дигар мешаванд ва мардум ба як сатҳи сифатан нави зиндагии худ дохил мегарданд. Чунин дигаргунӣ ва ё гузаришро дар тамаддуни ғарбӣ ва дар ҳама гуна тамаддунҳо гурӯҳи олимон ва мутафаккироне, ки биниш ва назари онҳо нисбат ба дунёи онрӯза дигар шуда буд ба вуҷуд овардаанд. Ин табадулот ё ба истилоҳи Томас Кон гузаштан аз як парадигма (paradigm) ба парадигмаи дигар ва ё ба гуфти Фуко, гузаштан аз як системаи фикрӣ ё донишӣ (episteme) ба системаи дигари фикрӣ ё донишӣ, сабабгори арзи вуҷуд кардани ҷаҳони нав (modernity) гардид. Яъне илм ва дониш сарчашмаҳои аслии табадулотҳо дар таърихи инсоният будаанд. Ин мисоли равшанест, ки чи тавр фикр ва ҷустуҷӯи ҳақиқат метавонад ҷаҳонбинӣ ва баъдан ҷаҳони инсонҳоро дигар кардан. Мудатест, ки мо Тоҷиконро чун қавмҳои дигар ба истилоҳи Маркс қавмҳои “берун аз таърих” меҳисобанд зеро ҳувияти мо болои арзишҳо ва фикри истеъморӣ шакл гирифта ва мо кайҳо боз дар ин саҳна бозингари фаъол нестем. Дуру дароз дар ҳошияи таърих мондан боиси гум шудани ҳиси таърих (historical sense) ва заъиф гаштани иродаи сиёсӣ мегардад. Акнун ин қавм ба пурраги дар ҳошия мондаанд ва дигар тавоноии аз он баромадан ва бозгаштан ба таърихро надоранд…
Бале ин ҷо аз як сӯ, мушкилии мудирият, роҳбарӣ, набудани ҳукумронии қонун ва нашинохтани сиёсат ва аз дигар сӯ будани бо ном зиёиҳои миллии мисли Талбаков, Амиршоҳӣ, Маҳмадов, Ҷартиев ва садҳо дигар чоплусҳо ва бетарафҳо ҳаст, ки чунин воқеъият шакл гирифтааст. Он пойдевори мустаҳками илмиро, ба хусус улуми табииро, ки аз шӯрави боқи монда буд нигоҳ дошта ва инкишоф додан натавонистанд. Диссертнетиҳо зиёд шуданд ва дар ‘фазои академикӣ’ баҳсу ҷадал ва гуфтугӯ на сари илм, дониш ва кашфиёт, балки сари унвонгирӣ ва саршумори академикҳост. Ин воқеан мушкилист. Ин мушкилист, ки академикҳои ин сарзамин заррае сифати ҳаёти мардумро дигар кардан натавонистанд ва наметавонанд. Ин ҷо мушкили дар надоштани ҷуръат ва мардист, ки ин ҳар ду барои давлат гӯё хатар доранд…
Мушкили ин аст, ки нуфузи илм, ба хусус улуми бунёдӣ, улуми иҷтимоӣ ва инсонӣ он чунон, ки бояст барқарор нест ва идеологиязада ва фасодзада шуданд. Бо фазои илмӣ ва ақлонии ҷаҳонӣ он чунон, ки мебояд робита нест. Мардум ҳатто бештари мардуми дар ниҳодҳои илми таҳқиқоти ва донишгоҳҳо кор кунанда аз мактабҳои фикрии ва олимони калидии ҷаҳони хабар надоранд. Яке аз сабабҳои заиф шудан ва аз байн рафтани давлати Шӯравӣ ҳам дар он буд ки улуми иҷтимоӣ истиқлол надоштанд ва нисбат ба масъалаи тарбияи субъект (инсон, шахсият) диққати зарурӣ дода намешуд. Дигар ин ки илм дар дохили мамлакат ва берун аз он ҳам рақобатпазир нест. Сеюм, истиқлол ва нуфузи илмро бояд давлат ҳимоят мекард ва кунад зеро бунёди давлат илм аст ва қудрат ба донишу таҷруба такя мекунад. Ин вазъият муракабтар аз он аст, ки мебинем ва медонем. Ин вазъро боз набудани бозори озоди иқтисодӣ, амалӣ нашудани либерализацияи сиёсӣ ва кор накардани арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои Тоҷикӣ ва умумиинсонӣ дар ҷоме’а, ки бо ҳам сахт бофтаанд ва ба илм, дониш ва маориф имкони нафас рост кардан ва ҳаракат медиҳанд, тақвият мебахшанд. Ин вазъият ҳолатеро ба вуҷуд омада, ки оила, мактаб ва ҷомеа дигар қобилияти тарбия кардани инсони қобили ҳаётро надоранд. Ва ҷомеаи Тоҷикон дигар ҷои амали шавии тахайюлот, идеяҳо ва ормонҳои мардум нест.
Ин аст кори мактаби сиёсие, ки Талбаков ва садҳо нафари дигар дастпарвари онанд. Ин мактаб фазои фарҳангии маҳали-музофотиро ба ҷои фарҳанги милли-ҷаҳонӣ устувор кард. Дар ин фазои пасти фарҳангӣ ‘олим-зиёиҳои’ Тоҷикистон дар фазои академикӣ парчами дурӯғро устувор карданд, ки ин худ оғози ҳар гуна фасод дар академияи улуми миллӣ, донишгоҳҳо ва пажуҳишгоҳҳои ин сарзамин аст. Кори диссертнетиҳо ҳам аз ҳамин фазо илҳом ва сарчашма мегирад. Акнун ин корномаро ё ба истилоҳи Амиршоҳӣ ‘инқилоби фикрӣ, инқилоби мадании бузург’-ро ҳатман бояд ёд кард то хонандагони муҳтарам то ҷое дарк карда бошанд, ки чиро ҳокимият ва истиқлол нест, мардум рӯ ба раҳми худо ва ҳоли илму дониш хароб аст…
Инҷо фурсати баррасии ҳолати улуми иҷтимоӣ дар замони Шуравӣ ва баъди пош хурдани он нест, вале метавон гуфт, ки таърих мисли фалсафа (ва дар ин қарина онҳам таърихи фалсафа) яке аз соҳаҳои калидии улуми иҷтимоӣ буд. Вале мутассифона, имрӯз дар ин сарзамин таърихро то ба сатҳи некрофилия (мурдапарастӣ) расониданд, зеро сиёсатмаргон аз инсонҳои зинда ҳарос доранд ва дар сохтани таърихи зинда ҳам фаъол нестанд. Ба гуфтаи намояндагони ин қавм ‘чархро сварка (кафшер) кардаанд’ ё ба истилоҳи Маркс ‘берун аз таъриханд.’ Гузашта аз ин яке таърихшиносони калидии сарзамин Амиршоҳӣ мегӯяд сутуни асосии худшиносӣ таърих аст. Бале, таърих донистанаш хуб аст, вале на то ин сатҳ, ки худ ба сутун табдил ёфта нашинохта бошӣ, ки раванди худшиносӣ ин танҳо донистани гузашта ва ё китобдоштан, китобнавиштан ва китобхондан нест, балки технология ва ё роҳест, ки ба зеҳну равони инсон ва халлоқияту созандагии ӯ пайваста аст. Донистани таърих ҳам барои бедор ва тарбият кардани иродаи инсон барои сохтани имрӯз ва фардои ӯст. Ҳолатест, ки онро бояд гузашт, ки китобхонии зиёд ва ба хусус таъриххонии зиёд инсони аз воқеъият дурро ба донкихотизм мерасонад. Албатта, шароити будани ин технологияи худӣ ва ё инсонсозро дар ин муҳит ташкил кардан даркор буд, ки то Тоҷик тавонад саҳифаи нави таърихи худро кушодан, вале мутассифона ин қавми ин солҳо дар ‘қудрат’ буда аз ин чиз хабар надошт ва наметавонист ин шароити инсонсоз ва таърихсозро ташкил кардан. Нуктаи марказии ин баҳс ҳамин аст, ки чи тавр дар ин сарзамин баҳс атрофи таърих ба нуқтаи марказии лоф ва дуруғе шохдор табдил ёфтааст ва чиро раиси ҷумҳур ба ҷуз ‘китобнависӣ’ шароити худшиносии воқеъиро дар ин сарзамин шакл додан натавонист?…
Акнун гӯё сутуни худшиносӣ таърих аст ва бо боварии Амиршоҳӣ президенти мамлакат “як инқилоби фикрӣ, инқилоби мадании бузург дар таърихи Тоҷикистон” кардааст. Аҷоибии кор ин аст, ки корҳоеро, ки ба президент нисбат медиҳанд, худи ‘муаллиф” намедонад, ки ин осори бисёрҷилдаро, ки навиштааст, вале дар академияи миллӣ паси деворҳо ҳар кас лофе мезанад, ки ин ё он асарро ‘бандафақир навиштааст’. Яке аз корномаҳои президент, ба фикри Амиршоҳӣ, ҳамчун таърихчӣ ин будааст, ки агар дар шуравӣ сарҳади тоҷиконро то рӯди Ому мешинохтанд акнун бо шарофати осори президент ин фаҳмиш то рӯди Фурот пеш рафтааст, яъне сарҳад васеътар гашта ва гӯё тоҷикон то дарёи Фурот давлатдорӣ ва фарҳанг доштаанд. Дақиқан Амиршоҳӣ марзҳои лофро васеътар карда, зеро ин қиссаҳоро пештар дигарон ҳам гуфта буданд. Ин қавм аз таърих чизе наомухтаанд ба ҷуз лоф. Амалан исбот карданд, ки мардуми давлатсоз ва таърихсоз нестанд ва дар ин сарзамин, ки болшевикон баъди аз байн бурдани манғитиҳо барои онҳо ҳамчун ‘давлати тоҷикон’ марзҳое муаян карданд, ин қавм баъди аз байн рафтани Шуравӣ натавонистанд давлати мустақил шакл додан. Акнун қаламрави ин қавм на дар Фурот, ва на дарёи Ому, балки дар чароғакҳои чойхонаи Роҳат ба охир мерасад. Ҳолатест аҷибу ғариб, бубинед аз як тараф раиси ҷумҳур буд натавонист мардумро ба таърих ворид кардан ва ҳастии давлатро зери суол бурдааст ва аз дигар тараф, кормандони пажуҳишгоҳҳои Академияи улуми Тоҷикистон дурӯғе бузург бофтаву тофтаанд, ки раиси ҷумҳур дар таърихшиносӣ инқилоб карда ва акнун аз ин дурӯғ илҳом ҳам мегиранд, асар менависанд рисолаҳои номзадӣ ва дуктурӣ ҳимоя мекунанд…
Дар ҳама давру замон ягонагии маъни бо ашё, рӯйдодҳо ва падидаҳо ё adaequatio intelletus et rei, яке аз нишонаҳои аслии шинохти воқеъият ва будани ҳақиқат дониста мешуд ва ҳаст. Ҳар ҷо, ки ҳақиқат (идеология, дониш) ва қонун поёнтар аз ҳокимон истода бошанд бунёди давлатҳо хароб мешаванд. Ва ин воқеъиятест дар ин сарзамин ҳукумрон. Бале он чунон, ки дар боло қайд кардем, ба боварии таърихшиносони ин сарзамин, президент дар таърихнигорӣ “инқилоби фикрӣ…” ба анҷом расонида, вале ин таърихшиносон худ кӯшише накарданд, ки ба принсипи (асли) машҳур дар илми таърихшиносӣ, ки таърихшинос Ранке гуфта буд, ‘ашё ё ҳодисаҳо воқеъан чӣ гуна, ки буданд ҳамонгуна тасвир шаванд’ содиқ будани худро исбот карда бошанд. Умуман олимони академияи илмҳои Тоҷикистон ба хусус таърихчи, файласуф, филолог ва шарқшиносҳо дар замони бо ном соҳибистиқлолӣ ин асл ё принсипро дар воқеъият худ на фақат амалӣ накарданд, балки аз воқеъият чашм пушиданд ё онро воруна нишон доданд. Гузашта аз ин худ бунёди дурӯғро мустаҳкам карданд ва аз номи мансабдорон мақола, китоб, рисолаҳои ‘илмӣ’ ва шеъру достон навиштаанд. Ин ҷо асли мушкили ҳамин аст, ки чиро аз номи дигар кас, бигузор раиси ҷумҳурӣ бошад ҳам, китоб навиштан? Чиро дурӯғро ба ин бузургӣ гуфтан? Намояндагони пажуҳишгоҳҳои академияро чӣ маҷбур сохт, ки дурӯғ гуфта ва онро инкишоф дода бошанд? Чи зарурате буд? Падидаест, ки ба як таҳқиқоти мустақил ниёз дорад.
Шояд ин мардуми одаткарда ба шакл, ба чорчубаҳо ва ҳақиқатҳои овардаи дигарон, ин мардуми китобпараст ва аз фикр дур, ин мардуми беамал ва бо сарҳадҳои эпистемологии маҳдуд аз безарфиятӣ, беномусӣ ва беҷуръатӣ рози шуданд, ки аз номи дигарон асар эҷод карда бошанд. Ё ин танҳо чоплусии ба нуқтаи интиҳои расида аст, ки касе барои дигар кас фикр истеҳсол карда бошад ё аз номи онҳо шахсони дигар ва ба хусус ниҳодҳои қудратӣ ба осонӣ истифода карда бошанд. Шояд ин асарҳо паёме доранд, ки ин қавм ҷуръати гуфтани онро надоштанд ва як нафар, ва он ҳам нафари аввал бояд аз номи мардум ҳарф бизанад. Бо ин ки худро ва шахси худро ба ҳеҷ табдил додаанд то шахси аввал бояд аз номи онҳо ҳарфе зада бошад, ин қавм чӣ мехостанд? Дақиқан, қавми истеъморзада ва ба ‘такона’ одат карда ҳамингунаанд. Гӯё ҳақиқати мардумро шахси аввал гуфта бошад вале ҳақиқат дар воқеъият аст ва шахсони аввал, агар воқеъан инсони фарҳангӣ ва аз сиёсат бохабар бошанд, ин ҳақиқатро ба воқеъият табдил медиҳанд. Раиси ҷумҳур китобҳои таърихи навишта бошад мушкиле нест, вале вазифаи аввал ва муқаддаси ҳар як роҳбару раис ин ба таърих ворид кардани мардумаш аст. Мушкили ин аст, ки ин мардум имрӯз ҳам дар ҳошияи таърих мондаанд ва лофҳои таърихиашонро ҳам касе ба ҷуз худашон касе намешунавад…
Фурсат, илм ва чархи кафшершуда
Чанде пеш вакили думаи Руссия Миронов шикоят карда буд, ки дар китобҳои таърих, ки дар Тоҷикистон бо кӯмаки Русссия нашр шудаанд Русҳоро ишғолгар гуфтаанд. Ин ки Русҳо ин сарзаминро истило карда буданд ҷои баҳс нест, ва баҳс инҷост, ки чиро Тоҷикон баъди пош хурдани имперотурии Шӯравӣ аз фурсате, ки доштанд натавонистанд истиқлол (independence) ва ҳокимиятро (sovereignty) соҳиб шудан ва ҳанӯз ҳам як давлати моҳвораии (satellite state) Руссия ва Чин боқӣ мондаанд. Чиро китобҳои таърихии як давлат агар соҳибистиқлол бошад, бо сармояи дигарон нашр шуда бошанд, чиро мактабҳояшро, бинои ҳукуматашро ва ё бинои маҷлиси олиашро дигарон сохта бошанд…? Инҷо Миронов бо тамоми ноҷавонмардиаш ҳақ аст. Қавме, ки бояд истиқлолро таъмин ва ин мардумро ба таърих ворид мекард, сиёсати хирадмандонааш ҳамин шуда, ки китобҳои кудаконашро дигарон нашр мекунанд ва мардумаш дар дохил гирифтори ин қавми бефарҳанг ва дар берун рӯ ба раҳми худо ва бозичаи фашистони русии мисли бастрикинҳо, мироновҳо ва дигарон гаштанд…
Баъдан Абдулқодир Талбаков “бонги хатар” зада буд, ки “илми миллатро наҷот диҳед.” Абдулқодир дуруст дарк кардааст, ки вазъияти илм хароб аст ва онро ба колои бозор табдил додаанд, вале ҳарфи калидӣ дар ин муроҷиат бояд ин бошад, ки на “илми миллатро” балки худи ‘миллат’-ро (мардумро), ва ояндаи ин мардуми миллат нашударо наҷот бояд дод, ки имрӯз сахт гирифторанд ва ягона силоҳ, ки давлат, миллат ва ояндаи ин мардумро метавонист ва метавонад сохтан ин илм ва дониши вақт ва истифодаи дурусти он буд ва ҳаст. Дигар хатои бунёдии Абдулқодир ин аст, ки ба касоне муроҷиат мекунад ва худро “парвардаи мактаби сиёсии” онҳо медонад, ки сабабгори аслии ин гуна шароит, воқеъият ва буҳрон дар илм ва фалсафаи тоҷиканд ва гирифтории мардум дар буҳрони давомдоранд. Бешак, дар як сарзамине, ки дар раванди давлат ва милатсозист, мушкили илму дониш пеш аз ҳама мушкили истиқлол ва ҳокимият аст…
Акнун намояндагони мақомот эътироф кардаанд, ки дар масъалаи дастовардҳои илмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ Афғонистон даҳ зина аз Тоҷикистон пеш аст…
Бубинед, таърихи инсоният лаҳзаҳое дорад, ки дар онҳо системаи арзишҳо, маъниҳо ва бинишҳои ҳаётӣ дигар мешаванд ва мардум ба як сатҳи сифатан нави зиндагии худ дохил мегарданд. Чунин дигаргунӣ ва ё гузаришро дар тамаддуни ғарбӣ ва дар ҳама гуна тамаддунҳо гурӯҳи олимон ва мутафаккироне, ки биниш ва назари онҳо нисбат ба дунёи онрӯза дигар шуда буд ба вуҷуд овардаанд. Ин табадулот ё ба истилоҳи Томас Кон гузаштан аз як парадигма (paradigm) ба парадигмаи дигар ва ё ба гуфти Фуко, гузаштан аз як системаи фикрӣ ё донишӣ (episteme) ба системаи дигари фикрӣ ё донишӣ, сабабгори арзи вуҷуд кардани ҷаҳони нав (modernity) гардид. Яъне илм ва дониш сарчашмаҳои аслии табадулотҳо дар таърихи инсоният будаанд. Ин мисоли равшанест, ки чи тавр фикр ва ҷустуҷӯи ҳақиқат метавонад ҷаҳонбинӣ ва баъдан ҷаҳони инсонҳоро дигар кардан. Мудатест, ки мо Тоҷиконро чун қавмҳои дигар ба истилоҳи Маркс қавмҳои “берун аз таърих” меҳисобанд зеро ҳувияти мо болои арзишҳо ва фикри истеъморӣ шакл гирифта ва мо кайҳо боз дар ин саҳна бозингари фаъол нестем. Дуру дароз дар ҳошияи таърих мондан боиси гум шудани ҳиси таърих (historical sense) ва заъиф гаштани иродаи сиёсӣ мегардад. Акнун ин қавм ба пурраги дар ҳошия мондаанд ва дигар тавоноии аз он баромадан ва бозгаштан ба таърихро надоранд…
Бале ин ҷо аз як сӯ, мушкилии мудирият, роҳбарӣ, набудани ҳукумронии қонун ва нашинохтани сиёсат ва аз дигар сӯ будани бо ном зиёиҳои миллии мисли Талбаков, Амиршоҳӣ, Маҳмадов, Ҷартиев ва садҳо дигар чоплусҳо ва бетарафҳо ҳаст, ки чунин воқеъият шакл гирифтааст. Он пойдевори мустаҳками илмиро, ба хусус улуми табииро, ки аз шӯрави боқи монда буд нигоҳ дошта ва инкишоф додан натавонистанд. Диссертнетиҳо зиёд шуданд ва дар ‘фазои академикӣ’ баҳсу ҷадал ва гуфтугӯ на сари илм, дониш ва кашфиёт, балки сари унвонгирӣ ва саршумори академикҳост. Ин воқеан мушкилист. Ин мушкилист, ки академикҳои ин сарзамин заррае сифати ҳаёти мардумро дигар кардан натавонистанд ва наметавонанд. Ин ҷо мушкили дар надоштани ҷуръат ва мардист, ки ин ҳар ду барои давлат гӯё хатар доранд…
Мушкили ин аст, ки нуфузи илм, ба хусус улуми бунёдӣ, улуми иҷтимоӣ ва инсонӣ он чунон, ки бояст барқарор нест ва идеологиязада ва фасодзада шуданд. Бо фазои илмӣ ва ақлонии ҷаҳонӣ он чунон, ки мебояд робита нест. Мардум ҳатто бештари мардуми дар ниҳодҳои илми таҳқиқоти ва донишгоҳҳо кор кунанда аз мактабҳои фикрии ва олимони калидии ҷаҳони хабар надоранд. Яке аз сабабҳои заиф шудан ва аз байн рафтани давлати Шӯравӣ ҳам дар он буд ки улуми иҷтимоӣ истиқлол надоштанд ва нисбат ба масъалаи тарбияи субъект (инсон, шахсият) диққати зарурӣ дода намешуд. Дигар ин ки илм дар дохили мамлакат ва берун аз он ҳам рақобатпазир нест. Сеюм, истиқлол ва нуфузи илмро бояд давлат ҳимоят мекард ва кунад зеро бунёди давлат илм аст ва қудрат ба донишу таҷруба такя мекунад. Ин вазъият муракабтар аз он аст, ки мебинем ва медонем. Ин вазъро боз набудани бозори озоди иқтисодӣ, амалӣ нашудани либерализацияи сиёсӣ ва кор накардани арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои Тоҷикӣ ва умумиинсонӣ дар ҷоме’а, ки бо ҳам сахт бофтаанд ва ба илм, дониш ва маориф имкони нафас рост кардан ва ҳаракат медиҳанд, тақвият мебахшанд. Ин вазъият ҳолатеро ба вуҷуд омада, ки оила, мактаб ва ҷомеа дигар қобилияти тарбия кардани инсони қобили ҳаётро надоранд. Ва ҷомеаи Тоҷикон дигар ҷои амали шавии тахайюлот, идеяҳо ва ормонҳои мардум нест.
Ин аст кори мактаби сиёсие, ки Талбаков ва садҳо нафари дигар дастпарвари онанд. Ин мактаб фазои фарҳангии маҳали-музофотиро ба ҷои фарҳанги милли-ҷаҳонӣ устувор кард. Дар ин фазои пасти фарҳангӣ ‘олим-зиёиҳои’ Тоҷикистон дар фазои академикӣ парчами дурӯғро устувор карданд, ки ин худ оғози ҳар гуна фасод дар академияи улуми миллӣ, донишгоҳҳо ва пажуҳишгоҳҳои ин сарзамин аст. Кори диссертнетиҳо ҳам аз ҳамин фазо илҳом ва сарчашма мегирад. Акнун ин корномаро ё ба истилоҳи Амиршоҳӣ ‘инқилоби фикрӣ, инқилоби мадании бузург’-ро ҳатман бояд ёд кард то хонандагони муҳтарам то ҷое дарк карда бошанд, ки чиро ҳокимият ва истиқлол нест, мардум рӯ ба раҳми худо ва ҳоли илму дониш хароб аст…
Инҷо фурсати баррасии ҳолати улуми иҷтимоӣ дар замони Шуравӣ ва баъди пош хурдани он нест, вале метавон гуфт, ки таърих мисли фалсафа (ва дар ин қарина онҳам таърихи фалсафа) яке аз соҳаҳои калидии улуми иҷтимоӣ буд. Вале мутассифона, имрӯз дар ин сарзамин таърихро то ба сатҳи некрофилия (мурдапарастӣ) расониданд, зеро сиёсатмаргон аз инсонҳои зинда ҳарос доранд ва дар сохтани таърихи зинда ҳам фаъол нестанд. Ба гуфтаи намояндагони ин қавм ‘чархро сварка (кафшер) кардаанд’ ё ба истилоҳи Маркс ‘берун аз таъриханд.’ Гузашта аз ин яке таърихшиносони калидии сарзамин Амиршоҳӣ мегӯяд сутуни асосии худшиносӣ таърих аст. Бале, таърих донистанаш хуб аст, вале на то ин сатҳ, ки худ ба сутун табдил ёфта нашинохта бошӣ, ки раванди худшиносӣ ин танҳо донистани гузашта ва ё китобдоштан, китобнавиштан ва китобхондан нест, балки технология ва ё роҳест, ки ба зеҳну равони инсон ва халлоқияту созандагии ӯ пайваста аст. Донистани таърих ҳам барои бедор ва тарбият кардани иродаи инсон барои сохтани имрӯз ва фардои ӯст. Ҳолатест, ки онро бояд гузашт, ки китобхонии зиёд ва ба хусус таъриххонии зиёд инсони аз воқеъият дурро ба донкихотизм мерасонад. Албатта, шароити будани ин технологияи худӣ ва ё инсонсозро дар ин муҳит ташкил кардан даркор буд, ки то Тоҷик тавонад саҳифаи нави таърихи худро кушодан, вале мутассифона ин қавми ин солҳо дар ‘қудрат’ буда аз ин чиз хабар надошт ва наметавонист ин шароити инсонсоз ва таърихсозро ташкил кардан. Нуктаи марказии ин баҳс ҳамин аст, ки чи тавр дар ин сарзамин баҳс атрофи таърих ба нуқтаи марказии лоф ва дуруғе шохдор табдил ёфтааст ва чиро раиси ҷумҳур ба ҷуз ‘китобнависӣ’ шароити худшиносии воқеъиро дар ин сарзамин шакл додан натавонист?…
Акнун гӯё сутуни худшиносӣ таърих аст ва бо боварии Амиршоҳӣ президенти мамлакат “як инқилоби фикрӣ, инқилоби мадании бузург дар таърихи Тоҷикистон” кардааст. Аҷоибии кор ин аст, ки корҳоеро, ки ба президент нисбат медиҳанд, худи ‘муаллиф” намедонад, ки ин осори бисёрҷилдаро, ки навиштааст, вале дар академияи миллӣ паси деворҳо ҳар кас лофе мезанад, ки ин ё он асарро ‘бандафақир навиштааст’. Яке аз корномаҳои президент, ба фикри Амиршоҳӣ, ҳамчун таърихчӣ ин будааст, ки агар дар шуравӣ сарҳади тоҷиконро то рӯди Ому мешинохтанд акнун бо шарофати осори президент ин фаҳмиш то рӯди Фурот пеш рафтааст, яъне сарҳад васеътар гашта ва гӯё тоҷикон то дарёи Фурот давлатдорӣ ва фарҳанг доштаанд. Дақиқан Амиршоҳӣ марзҳои лофро васеътар карда, зеро ин қиссаҳоро пештар дигарон ҳам гуфта буданд. Ин қавм аз таърих чизе наомухтаанд ба ҷуз лоф. Амалан исбот карданд, ки мардуми давлатсоз ва таърихсоз нестанд ва дар ин сарзамин, ки болшевикон баъди аз байн бурдани манғитиҳо барои онҳо ҳамчун ‘давлати тоҷикон’ марзҳое муаян карданд, ин қавм баъди аз байн рафтани Шуравӣ натавонистанд давлати мустақил шакл додан. Акнун қаламрави ин қавм на дар Фурот, ва на дарёи Ому, балки дар чароғакҳои чойхонаи Роҳат ба охир мерасад. Ҳолатест аҷибу ғариб, бубинед аз як тараф раиси ҷумҳур буд натавонист мардумро ба таърих ворид кардан ва ҳастии давлатро зери суол бурдааст ва аз дигар тараф, кормандони пажуҳишгоҳҳои Академияи улуми Тоҷикистон дурӯғе бузург бофтаву тофтаанд, ки раиси ҷумҳур дар таърихшиносӣ инқилоб карда ва акнун аз ин дурӯғ илҳом ҳам мегиранд, асар менависанд рисолаҳои номзадӣ ва дуктурӣ ҳимоя мекунанд…
Дар ҳама давру замон ягонагии маъни бо ашё, рӯйдодҳо ва падидаҳо ё adaequatio intelletus et rei, яке аз нишонаҳои аслии шинохти воқеъият ва будани ҳақиқат дониста мешуд ва ҳаст. Ҳар ҷо, ки ҳақиқат (идеология, дониш) ва қонун поёнтар аз ҳокимон истода бошанд бунёди давлатҳо хароб мешаванд. Ва ин воқеъиятест дар ин сарзамин ҳукумрон. Бале он чунон, ки дар боло қайд кардем, ба боварии таърихшиносони ин сарзамин, президент дар таърихнигорӣ “инқилоби фикрӣ…” ба анҷом расонида, вале ин таърихшиносон худ кӯшише накарданд, ки ба принсипи (асли) машҳур дар илми таърихшиносӣ, ки таърихшинос Ранке гуфта буд, ‘ашё ё ҳодисаҳо воқеъан чӣ гуна, ки буданд ҳамонгуна тасвир шаванд’ содиқ будани худро исбот карда бошанд. Умуман олимони академияи илмҳои Тоҷикистон ба хусус таърихчи, файласуф, филолог ва шарқшиносҳо дар замони бо ном соҳибистиқлолӣ ин асл ё принсипро дар воқеъият худ на фақат амалӣ накарданд, балки аз воқеъият чашм пушиданд ё онро воруна нишон доданд. Гузашта аз ин худ бунёди дурӯғро мустаҳкам карданд ва аз номи мансабдорон мақола, китоб, рисолаҳои ‘илмӣ’ ва шеъру достон навиштаанд. Ин ҷо асли мушкили ҳамин аст, ки чиро аз номи дигар кас, бигузор раиси ҷумҳурӣ бошад ҳам, китоб навиштан? Чиро дурӯғро ба ин бузургӣ гуфтан? Намояндагони пажуҳишгоҳҳои академияро чӣ маҷбур сохт, ки дурӯғ гуфта ва онро инкишоф дода бошанд? Чи зарурате буд? Падидаест, ки ба як таҳқиқоти мустақил ниёз дорад.
Шояд ин мардуми одаткарда ба шакл, ба чорчубаҳо ва ҳақиқатҳои овардаи дигарон, ин мардуми китобпараст ва аз фикр дур, ин мардуми беамал ва бо сарҳадҳои эпистемологии маҳдуд аз безарфиятӣ, беномусӣ ва беҷуръатӣ рози шуданд, ки аз номи дигарон асар эҷод карда бошанд. Ё ин танҳо чоплусии ба нуқтаи интиҳои расида аст, ки касе барои дигар кас фикр истеҳсол карда бошад ё аз номи онҳо шахсони дигар ва ба хусус ниҳодҳои қудратӣ ба осонӣ истифода карда бошанд. Шояд ин асарҳо паёме доранд, ки ин қавм ҷуръати гуфтани онро надоштанд ва як нафар, ва он ҳам нафари аввал бояд аз номи мардум ҳарф бизанад. Бо ин ки худро ва шахси худро ба ҳеҷ табдил додаанд то шахси аввал бояд аз номи онҳо ҳарфе зада бошад, ин қавм чӣ мехостанд? Дақиқан, қавми истеъморзада ва ба ‘такона’ одат карда ҳамингунаанд. Гӯё ҳақиқати мардумро шахси аввал гуфта бошад вале ҳақиқат дар воқеъият аст ва шахсони аввал, агар воқеъан инсони фарҳангӣ ва аз сиёсат бохабар бошанд, ин ҳақиқатро ба воқеъият табдил медиҳанд. Раиси ҷумҳур китобҳои таърихи навишта бошад мушкиле нест, вале вазифаи аввал ва муқаддаси ҳар як роҳбару раис ин ба таърих ворид кардани мардумаш аст. Мушкили ин аст, ки ин мардум имрӯз ҳам дар ҳошияи таърих мондаанд ва лофҳои таърихиашонро ҳам касе ба ҷуз худашон касе намешунавад…
Меҳмоншо Шарифзода
Ҷомеашинос
Манбаъ: Саҳифаи фейсбукии муаллиф
Tags:
МУҲИМТАРИНҲО
ҶУСТУҶӮ
НАВТАРИН
Ховари Миёна пас аз пирӯзии Эрон
April 9, 2026ЭЪЛОМИЯИ ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАҒЙИРОТИ
April 6, 2026Паёми табрикотии Паймони миллии Тоҷикистон ба муносибати
March 19, 2026БАХШҲОИ МУҲИМ