Барномаи нави таҳлилӣ бо номи «Дирафш» дар шабакаи ютубии Paymon Live ба зудӣ оғоз мегардад. Ин барнома як минбари таҳлилӣ ва фикрӣ мебошад, ки дар он масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва минтақа таҳлил ва баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҳадафи барномаи «Дирафш» танҳо баён кардани хабарҳо нест, балки дарки воқеиятҳо, таҳлили амиқи рӯйдодҳо ва пешниҳоди андешаҳои гуногун дар бораи масъалаҳое мебошад, ки ба ҳаёти ҷомеа ва ояндаи кишвар таъсир мерасонанд.
Дар ҳар барнома мо кӯшиш хоҳем кард, ки:
рӯйдодҳои муҳими ҳафта ё рӯзро таҳлил намоем;
ба сабабҳо ва паёмадҳои онҳо назар андозем;
ва бо ҷалби коршиносон ва соҳибназарон роҳҳои ҳалли масъалаҳоро баррасӣ кунем.
«Дирафш» рамзи рӯшноӣ, бедорӣ ва андешаи озод аст. Мо бовар дорем, ки ҷомеаи огоҳ ва дорои тафаккури таҳлилӣ метавонад роҳи дурусти рушд ва пешрафтро интихоб намояд.
Оғози барномаи таҳлилии «Дирафш»

Date: 08 Апрел 2026
Organized By: Департаменти иттилооти ПМТ
Start Time: 19PM - 20:30PM
Location: Шабакаи ютубии Paymon Live
Telephone: +43 681 81 91 98 02 Whatsapp
Email: contact@pmtj.org