Иштироки ПМТ дар Конфронси байналмилалии Париж оид ба ҳуқуқи қурбониёни ҷанги Украина
Охири ҳафтаи гузашта, 20 феврали 2026 дар пойтахти Фаронса, шаҳри Париж, Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Чор сол баъд аз таҷовузи густурда ба Украина: ҳуқуқи қурбониён кадомҳоянд?» (Four years after the full-scale invasion of Ukraine: what rights for the victims?) баргузор гардид, ки ба баррасии ҳуқуқи қурбониёни ҷиноятҳои ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва таҷовуз бахшида шуда буд. Чорабинӣ дар Maison de la Chimie дар Париж бо иштироки доираи васеи коршиносон, ҳуқуқшиносон, намояндагони ниҳодҳои байналмилалӣ ва муҳаққиқон баргузор шуд.
Роҳбарии илмии конфронсро ҳуқуқшиноси фаронсавӣ Никола Линёл бар уҳда дошт ва чорабинӣ бо ҳамкории як қатор ниҳодҳо, аз ҷумла UPEC – Université Paris-Est Créteil, Пойгоҳи таҳқиқии MIL ва созмони Fonds Ukrainien des Volontaires Internationaux (FUVI) ташкил шуда буд.
Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ПМТ, намояндагони мухолифини тоҷик ба ин нишасти байналмилалӣ бо сабаби мавқеи рӯшан ва фаъоли онҳо дар масъалаи Украина даъват шуданд. Ӯ таъкид кард, ки ҷомеаи сиёсии тоҷик дар хориҷ аз кишвар аз оғози таҷовузи Русия мавқеи муайян гирифта, дар ҳадди имконият барои ҳимояти истиқлол ва тамомияти арзии Украина талош кардааст.
Дар мизи гирд, дар ҳошияи ин Конфронс табибон ва мутахассисон, аз ҷумла Профессор Марион Тройзелард ва Доктор Аврора Малет Карас таъсири осебҳои ҷангиро ба қурбониён баррасӣ карданд. Ҳамчунин масъалаи интизориҳои қурбониён аз адолати пас аз генотсид аз ҷониби Доктор Пиерре Фолдес матраҳ шуд.
Ба гуфти Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ПМТ, дар ҳошияи конфронс ҳамчунин бо ҳайати ПМТ як силсила мулоқотҳои сатҳи баланд ташкил гардид. Аз ҷумла: вохӯрӣ бо як узви Сенати Фаронса, ки масъули ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ дар самти Осиёи Марказӣ низ мебошад. Илова бар ин мулоқот бо сиёсатмадорон ва коршиносони фаронсавӣ ва украинии соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ низ доир шуд.
Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, ҷонибҳои фаронсавӣ аз фаъолиятҳои мухолифин ва муҳоҷирони тоҷик дар ҳимояти арзишҳои озодӣ истиқбол кардаанд.
Кабирӣ изҳор намуд, ки иштироки намояндагони тоҷик дар чунин форумҳои байналмилалӣ барои муаррифии мавқеи ҷомеаи тоҷик дар хориҷ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ муҳим аст. Ӯ афзуд, ки мухолифин ва муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар ҳимояти арзишҳои муштараки озодӣ, истиқлол ва ҳуқуқи инсон нақши мусбат бозанд.
Иштироки ПМТ дар Конфронси байналмилалии Париж оид ба ҷанг дар Украина
Иштироки ПМТ дар Конфронси байналмилалии Париж оид ба ҳуқуқи қурбониёни ҷанги Украина
Tags:
МУҲИМТАРИНҲО
ҶУСТУҶӮ
НАВТАРИН
ЭЪЛОМИЯИ ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАҒЙИРОТИ
April 6, 2026Паёми табрикотии Паймони миллии Тоҷикистон ба муносибати
March 19, 2026Иштироки ПМТ дар Конфронси байналмилалии Париж оид
February 26, 2026БАХШҲОИ МУҲИМ