Иқтисод

Ислоҳоти иқтисодӣ, молиявӣ ва бонкӣ

Ислоҳоти иқтисодӣ дар Барномаи ПМТ дар радифи ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, яке аз меҳварҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Бидуни он, тарҳи ислоҳоти решаӣ ва комили низоми идории кишвар имконпазир намебошад. Бино бар аҳаммияти масъала, бахши иқтисодии барнома каме бо тафсилот ва далелҳо тақдим мегардад.

Моҳияти аслии ислоҳоти иқтисодии ПМТ ин аст, ки бояд шароите дар кишвар фароҳам шавад, то ҳар шаҳрванд битавонад дар ватани худ даромад ва зиндагии шоистае дошта бошад ва маҷбур ба қонуншиканӣ ва ё муҳоҷират нагардад.

Барои расидан ба ин ҳадаф, лозим аст, дар самтҳои зер ислоҳоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ба амал ояд:

Ғайримонополӣ (демонополизатсия) кардани иқтисод

Имрӯз чанд ширкати тиҷоратии наздик ба ҳокимият, ҳамаи соҳаҳои асосии иқтисодиёти кишварро монополия кардаанд. Тибқи таҳлилҳо ва маълумотҳои ба даст омада аз ҷониби ПМТ, имрӯз дар кишвар 98 ширкат вазъи монополӣ дошта, аз он 30 ширкат монополисти мутлақ дар соҳаҳои худ мебошанд. Ин ширкатҳои монополии давлатӣ ва хусусӣ, амалан ҳамчун моликияти шахсӣ дар ихтиёри аъзои хонаводаи Президент ва ё хешу табори ӯ қарор доранд. Ин ширкатҳо ба буҷаи давлатӣ ҳеч гуна андозе пардохт намекунанд ва аз имтиёзҳои зиёде низ бархурдоранд; тиҷорат ва ё моликияти дигар ширкатҳо ва соҳибкорони муваффақро тасоҳуб намуда ва монеи рушди тиҷорат ва соҳибкории хурд ва миёна гардидаанд. Тақрибан дар тӯли даҳ соли охир, ҳамаи қонунҳо ва қарорҳои ҳукуматӣ, фақат манфиати ҳамин монополистҳои иқтисодиро таъмин намудаанд.

ПМТ бар ин бовар аст, ки идомаи ин вазъият, хатари бузурге ба ояндаи миллат ва кишвари мо дорад. Бинобар ин, ПМТ амалӣ кардани чораҳои зерро дар назар дорад:

Чораҳо дар сатҳи қонунгузорӣ:

— қонунгузорӣ оиди ғайримонополӣ кардани иқтисод, ки дар он талабот ва шароит нисбати ширкатҳо ва холдингҳои бузург, дар робита бо навъи фаъолияти онҳо дар бозор муайян мешавад. Мамнӯияти тиҷорате, ки вазъи монополиро ба вуҷуд оварад ё ҳамдастии ширкатҳое, ки сабаби ба вуҷуд омадани ин вазъ бишаванд ва ба унвони ҷиноят эътироф гаштани ин амал, бо дар назар гирифтани ҷазоҳо ва ҷаримаҳои сангин барои ширкатҳои қонуншикан ва ё мусодираи амвол ва соҳибони онҳо бо муҷозоти ҳабс. Инчунин қонун теъдоди (шумораи) ҳадди ақаллии ширкатҳо дар ин ё он самти иқтисодиёт ва бозорро муайян мекунад ва аз он камтар будани ширкатҳо дар соҳаи мадди назар, ба маънои монополӣ шудани иқтисод дар он арса хоҳад буд;

— қабули қонуни махсус оид ба пешгирӣ аз ғасби моликият (рейдерство). Имрӯз дар Тоҷикистон ғасби моликият ва тиҷорати муваффақ аз тарафи доираҳои ҳоким ва ё ширкатҳои монополистӣ ба як амри табиӣ табдил шудааст. Мутаассифона, дар ин кор, мақомоти қудратии фасодзада ҳамчун василаи ғасб (рейдерство) истифода мешаванд. Ин вазъият боиси тарси соҳибкорон ва сармоягузорони бовиҷдон гашта, монеи рушди соҳибкорӣ ва иқтисодиёт шудааст;

— қабули як қатор қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ барои муборизаи воқеӣ бо коррупсия ва иҷрои амалҳои мушаххаси ҷиддӣ ва сареъ дар ин самт.

Ислоҳ ва ғайримонополӣ кардани соҳаи алоқа ва коммуникатсия

Дар дунёи муосир як давлат ва иқтисоди пешрафта бидуни интернети арзону босуръат ва василаҳои дигари алоқа, қобили тасаввур нест. Дар шароити пандемия, тиҷорати онлойн дар ҷаҳон 40-50 фоиз рушд карда, ба василаи асосии идома ва рушди тиҷорат ва иқтисод табдил шудааст. Бидуни интернети арзон ва босуръат, иқтисоди ҷаҳонӣ метавонист бо шикаст рӯ ба рӯ шавад. Аз ин рӯ, кишварҳо рушди ин соҳаро яке аз авлавиятҳои худ қарор додаанд.

Аммо дар Тоҷикистон, баръакси ин ҳол мушоҳида мешавад – интернет дар кишвари мо, ба гаронтарин, заифтарин ва дастнорастарин навъи интернет дар ҷаҳон табдил шудааст. Дар Тоҷикистон танҳо 17 фоизи шаҳрвандон метавонанд интернетро аз ҳама гуна василаҳо истифода баранд. Дар Қирғизситон, ин рақам ба 28%, Ӯзбекистон 44% ва дар Қазоқистон ба 55% расидааст. Дар индекси ҷаҳонии суръати интернет (Speed – test Globalindex) Тоҷикистон байни 140 кишвар, дар соли 2020 дар радифи 133–юм қарор дошт (ва дар соли 2019 дар радифи 132). Суръати пайвастшавӣ ба интернет, танҳо дар Афғонистон, Ироқ ва Венесуэла аз мо поинтар аст ва тамоми кишварҳои африқоӣ, интернети беҳтар аз моро доранд.

Бо вуҷуди поин будани суръати инернет, нархи он дар Тоҷикистон яке аз болотаринҳо дар дунё мебошад — наздики 5 доллар барои як гигабайт.

Сабаби аслии ин вазъият дар монополӣ будани Хадамоти алоқаи ҶТ, ғасби соҳа, коррупсия, бесалоҳиятии масъулон ва таъсиси Маркази ягонаи коммуникатсионӣ мебошад, ки ҳамаи трафики интернет аз тариқи он ворид ва тақсим мешавад. Ва ҳамаи бозори интернет дар ихтиёри якчанд ширкати монополистӣ қарор дорад, ки ба афроди наздик ба хонаводаи Президент тааллуқ доранд.

Дар чунин шароит, на танҳо имконияти рушди иқтисодӣ, балки гузаштан ба ҳукумати электронӣ ҳам вуҷуд надорад. Қонун дар бораи ҳукумати электронӣ ҳанӯз 10 сол қабл тасвиб гашта буд ва Ҳукумат камтарин заминаро барои иҷрои ин қонун то ба ҳол ба вуҷуд наовардааст.

ПМТ роҳи ҳалли ин бӯҳронро чунин мебинад:

— барҳам задани монополияи ходамоти алоқаи ҶТ дар ин соҳа ва ислоҳоти асосӣ дар ин сохтор;

— барҳам додани Маркази ягонаи коммуникатсионӣ;

— ғайримонополӣ кардани бахши телекоммуникатсия дар кишвар, ба вуҷуд овардани шароит барои фаъолият ва рушди ширкатҳои хусусӣ дар ин соҳа ва эҷоди фазои рақобатии солим;

— даст кашидан аз усули ҷаримабандии беасос ва калонҳаҷми ширкатҳои операторӣ ба хотири пур кардани буҷа;

— даст кашидан аз андозҳои зиёд ва беасос дар соҳаи алоқа, бахусус аксизҳо, пардохтҳои иловагӣ барои литсензия, андоз аз гардиши маблағҳои дохилии ширкатҳо, ки сабаби бозистодани рушд дар ин соҳа гаштааст.

Мубориза бо фасод (коррупсия)

Тоҷикистон дар 15 соли охир, тибқи гузоришҳои созмони тахассусии Transparency International, узви доимии 20 кишвари фасодзадаи олам маҳсуб мешавад. Коррупсия чузъи ҷудонашавандаи низоми давлатӣ ва ҳаёти рӯзмарраи мардум гаштааст ва ҷомеаро аз болотарин сатҳи давлатдорӣ то поён фаро гирифтааст.

Дар чунин шароити коррупсионии давлатӣ, ниҳодҳои қудратӣ табдил ба васила ва шарики коррупсионӣ барои ширкатҳои бузурги монополӣ гаштаанд, ки ба ҳокимияти марказӣ рабт доранд. Дар натиҷа, низоми шаклгирифтаи коррупсионӣ ва монополӣ монеи аслии рушди иқтисодиёти кишвар, пеш аз ҳама, соҳибкории хурд ва миёна шудааст.

Бинобар ин, ПМТ рушди минбаъдаи давлатдории миллиро, бидуни решакан сохтани коррупсия, имконпазир намедонад ва чораҳои зерро пешниҳод мекунад:

— дар кӯтоҳтарин муддат қонуни махсус тасвиб хоҳад шуд, ки баёнгари оштинопазирии давлат нисбати коррупсия хохад буд. Қонуни нав, механизми ошкорсозӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани мансабдорони фасодзада ва ришвахорро осон гардонида, дар сурати собит нашудани сарчашмаи қонунии молу сарват, молу сармояи ба сурати ғайриқонунӣ ба даст омада, мусодира хоҳад шуд;

— роҳандозии онлойн ва электронии робитаҳои шаҳрвандон ва масъулин, барои пешгирӣ аз ришвахорӣ ва суистифодаҳои мансабдорони давлатӣ;

— таъсис додани реестри ягонаи аз қайдгузаронии тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ бо амволашон ва дастрасии шаҳрвандон ба он аз тариқи интернет;

— коҳиши бюрократия дар эътои иҷозатномаҳо ва литсензияҳое, ки имзои мансабдоронро металабад;

— дар саросари кишвар роҳандозӣ кардани марказҳои адлия ва ба онҳо додани салоҳияти эътои ҳама гуна санадҳои расмии давлатӣ (шиноснома, маълумотномаҳо ва санадҳои дигар) ва муҷаҳҳаз кардани онҳо бо навтарин технология ва низоми онлойнӣ. Таъйини замони минималӣ барои судури санадҳо;

— ҷорӣ кардани муҷозоти сангин барои амалҳои коррупсионӣ ва пинҳон кардани дороиҳои мансабдорони давлатӣ, новобаста аз мақом ва мансаб;

— манъи комили пазириши хешу табор, дар мақомоти давлатӣ ва таъйини ҷазои сангин барои чунин амал: шахсоне, ки мансабҳои баланди давлатӣ доранд, хешу табори наздики онҳо ҳақ нахоҳанд дошт, дар ҳеч сохтори калидии давлатӣ, кор ва фаъолият намоянд;

— ба қадри кофӣ баланд бардоштани маоши миёнаи кормандони давлатӣ ва буҷавӣ. Ҳамзамон, аз онҳо талаб кардани декларатсия оиди амвол ва дороиҳои худ ва хешовандони наздик. Дар сурати пинҳонкорӣ, дур кардан аз мақоми давлатӣ бо эҳтимоли ҷазои ҷиноӣ. Масъулин ва мақомоти давлатӣ иҷозати пазируфтани ҳама гуна ҳадяҳо аз афрод ё доираҳои тиҷоратӣ ё манфиатдорро надоранд. Ҳама гуна ҳадяи гаронтар аз маблағи 100 доллари амрикоӣ ба нафъи давлат мусодира мешавад.

Навоварӣ дар иқтисод (модернизатсия)

Имрӯз иқтисоди Тоҷикистон, ба таври комил ба муҳоҷирати меҳнатӣ вобаста аст ва буҷаи кишварро асосан, маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон ташкил медиҳад. Ҳукумати кишвар ба ҷои рушди иқтисоди дохилӣ, сиёсати ба хориҷ фиристодани шаҳрвандонро пеш гирифтааст. Дар сурате, ки шаҳрвандони кишвар дар хориҷ, аксаран дар корҳои вазнин ва камдаромад машғуланд ва солҳои зиёд, дар сахттарин шароит ва дур аз хонаводаву наздикон, умр ба сар мебаранд.

ПМТ бар ин бовар аст, ки идомаи ин раванд ва дар ҳамин шакл ва ҳаҷм боқӣ мондани мондани шароити муҳоҷирати меҳнатӣ, зараре бештар аз фоидааш ба ҷомеаи Тоҷикистон мерасонад. Ҳукумат бо фиристодани шаҳрвандон ба хориҷ, амалан масъулияти амният, буду бош ва саломатӣ ва ҳуқуқи иҷтимоии онҳоро аз дӯши худ соқит намуда ва ин умури муҳимро асосан бар дӯши худи шаҳрвандон ва кишварҳои корфармо гузоштааст. Маълум аст, ки ҳукумат ба анҷоми ислоҳоти комил ба хотири рушди иқтисодиёти миллӣ, беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ дар дохили кишвар ва дар ватан мондани шаҳрвандон манфиатдор нест. Муҳоҷирати корӣ боиси коҳиши мутахассисони босавод дар дохил, фурӯпошии оилаҳо, аз байн рафтани арзишҳои миллӣ ва маънавии аҳолӣ, поин омадани вазъи саломатӣ гашта, насли ҷавонро аз тарбияти солим комилан маҳрум сохтааст.

Ҳамасола ҳукумат аз рушди солонаи иқтисод дар ҳаҷми 5-7% гузориш медиҳад, ки дар сурати дуруст будани гузоришоти мазкур, кишвар имрӯз ба чунин вазъи душвори иқтисодӣ набояд гирифтор меомад. Дар асл, омор ва рақамҳои ироашуда ба воқеият рабте надорад ва барои вонамуд кардани рушди иқтисодӣ интишор дода мешаванд. Бинобар ин, ПМТ яке аз вазифаҳои асосии худро дар коҳиши шумори муҳоҷирони меҳнатӣ ва баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан мебинад. Ба ҷои фиристодани шаҳрвандон ба хориҷ, бояд дар дохил шароити муносибтаре муҳайё гардад, то ҳар шаҳрванди Тоҷикистон битавонад дар ватани худ, он маблағеро ба даст биёрад, ки худ ва хонаводааш зиндагии шарофатмандона дошта бошанд ва дигар зарурате барои муҳоҷират ва ё қонуншиканӣ намонад. Барои расидан ба ин ҳадаф, анҷоми як ислоҳоти решаӣ ногузир аст, то ба теъдоди лозим, фурсатҳои шуғлӣ ва кор дар ватан эҷод шавад.

Саноатӣ кардан ва ворид намудани навовариҳо (модернизатсия) дар иқтисодиёт аз шартҳои аслии ислоҳот бояд бошанд. Таҷрибаи дигар кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки саноат, соҳаи хидматрасонӣ, соҳибкории хурд ва миёна маҳз самтҳое ҳастанд, ки аксарияти шаҳрвандони кишварро метавонад бо кор таъмин кунад.

Бинобар ин, ПМТ анҷоми чораҳои зерро лозим медонад:

— эҷоди низоми ҳимоят аз соҳибкорон дар шакли шабакаи мустақилли судҳои ҳакамӣ (арбитражӣ). Инчунин, таъсиси Арбитражи олии иқтисодӣ, ки метавонад мушкилоти мушорикати сармоягузорони дохилӣ ва хориҷиро баррасӣ кунад ва манфиатҳои онҳоро ҳимоя намояд. Роҳбарият ва аъзои судҳои иқтисодӣ бояд аз тарафи порлумон ва шӯрои вакилони маҳаллӣ таъйин шаванд, на аз тарафи президент ё ҳукумат;

— давлат бояд бо соҳибкорон, сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ муносибати мӯҳтарамона ва мушорикатӣ дошта бошад ва ҳимояти манфиатҳои онҳо яке аз авлавиятҳои сиёсати иқтисодӣ бошад;

— ҷорӣ намудани имтиёзҳои амалӣ барои соҳибкорон ва ширкатҳои ватание, ки ба самти авлавиятҳои иқтисодӣ, мисли истеҳсолот ва технологияи нав, сармоягузорӣ мекунанд. Ширкатҳои мазкур, ба муддати панҷ сол аз андоз озод хоҳанд шуд;

— ҷорӣ намудани имтиёзҳои молиётӣ ва сармоягузории бештар барои ширкатҳое, ки технологияи муосирро ворид мекунанд;

— ҷорӣ намудани низоми муассир ва қавии ҳимоят аз ҳуқуқи соҳибмулкон ва пешгирии ҷиддӣ аз ғасби тиҷорат ва моликияти соҳибкорони хурду миёна ва фишори монополистҳои маҳаллӣ ва мансабдорону намояндагони мақомот;

— сабуктар кардани роҳҳои вуруд ба тиҷорати хориҷӣ барои соҳибкорони ватанӣ, кӯмак дар пайдо кардани бозорҳо ва шарикони хориҷӣ;

— поён бурдани пардохтҳои молиётӣ, фондҳои иҷтимоӣ, суғуртавӣ ва нафақа барои ширкатҳое, ки дар кишвар фаъолият мекунанд. Имрӯз маблағи умумии ин пардохтҳо дар кишвари мо аз меъёри миёнаи таъйиншуда барои кишварҳои иқтисодашон дар ҳолати рушд (мисли Европаи Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ), бештар мебошад;

— давлат бояд кафолати ҷиддӣ барои ҳимоят аз сармоягузорони хориҷӣ ва дохилиро таъмин кунад. Ҳимояти моликият ва сармояи соҳибкорон аз беадолатӣ, ғасб ва фишорҳои мақомот, яке аз муҳимтарин вазоифи давлат бояд бошад.

Ислоҳоти низоми бонкӣ

Мушкилии аслии низоми бонкдорӣ дар Тоҷикистон, монополӣ шудани ин соҳа аз тарафи гурӯҳи хос, (ба таври дақиқтар, хонавода ва наздикони Президенти кишвар) мебошад. Ин вазъият рақобат дар соҳаро комилан аз байн бурдааст, ки дар иқтисодиёт, бахусус дар низоми бонкдорӣ яке аз шартҳои рушд аст. Дар шароити монополии бонкӣ, чун ҳамеша фоизҳо болост ва ин кор бар зарари шаҳрвандон тамом мешавад.

Аз вижагиҳои дигари низоми бонкии Тоҷикистон, вуҷуди фасодзадагии васеъ ва нобоварӣ ва адами эътимоди мардум ба бонкҳост. Аҳолӣ ба низоми бонкӣ бовар надоранд ва кӯшиш мекунанд, ки маблағҳои изофии худро дар шаклҳои дигар нигаҳдорӣ кунанд. Барои мисол, дар шакли моликияти ғайриманқул (мисли хариди хона) ва ё замин. Ин мавзӯъ боис шудааст, ки бо вуҷуди камбизоатӣ, нархи ин ду (хона ва замин), дар Тоҷикистон яке аз болотаринҳо дар минтақа бишавад ва рӯз ба рӯз болотар низ меравад. Нобоварӣ ба бонкҳо ва кам будани маблағҳои амонатӣ дар ихтиёри бонкҳо боиси он гаштааст, ки бонкҳо натавонанд фоизи қарзҳоро поин баранд, чун дар ин сурат, бар зарари худ кор хоҳанд кард. Боло будани фоизи қарз ва хадамоти бонкӣ боиси дастнорас будани онҳо ба аксари аҳолӣ ва соҳибкорон гаштааст. Ба хотири коррупсия ва фасоди идорӣ дар ин соҳа, дарсади қарзҳои барнагашта 30-35 фоизро ташкил медиҳад, ки самаранокӣ ва суботи низоми бонкиро дар умум зери суол мебарад.

ПМТ дар ин соҳа лозим медонад:

— ғайримонополӣ (демонополизатсия) ва либерализатсияи низоми бонкии кишвар бояд сурат гирад ва фазои рақобат бо роҳи фароҳам сохтани шароит барои рушди бонкдории хусусӣ, муассисаҳои хурди қарздиҳӣ, боз кардани роҳ барои сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ дар соҳаи бонкдории солим бояд ба вуҷуд биёяд;

— поён бурдани фоизи қарзҳои бонкӣ барои соҳибкории хурду миёна, кишоварзон ва хонаводаҳои ҷавон. Ҳоло фоизи умумии солонаи қарзҳои бонкӣ 26-28% аст, ки бо назардошти фасод дар соҳаи бонкдорӣ ҳаҷми воқеии он боз бештар мегардад. Бо назардошти вазъи Тоҷикистон, фоизи умумии солонаи қарзҳои бонкӣ набояд бештар аз 15% бошад;

— мусоидат ба ворид намудани низоми бонкдории исломӣ, ки қарзҳои бидуни фоиз (бе рибо)-ро пешбинӣ мекунад. Таҷриба нишон додааст, ки ин низоми бонкдорӣ бештар дар ҳамкорӣ бо соҳибкории хурд ва миёна дар марҳилаҳои гузариш ва даврони бӯҳрон натиҷаҳои хуб медиҳад. Низоми бонкдории исломӣ на бар мабнои тиҷоратӣ, балки бар мабнои иҷтимоӣ поярезӣ шудааст. Барои бо ҷои кор таъмин намудани садҳо ҳазор муҳоҷир дар дохили ватан ва кӯмак барои роҳандозии соҳибкорӣ аз тарафи муҳоҷирон, бояд тарҳҳои сармоягузории иҷтимоӣ роҳандозӣ шаванд, ки яке аз намунаҳои хуби он сармоягузорӣ бар асоси меъёрҳои исломӣ (мисли музораба, мушорикат, муробаҳа ва ғ.) мебошад;

— давлат бояд ҳифзи амонатҳои мардум дар бонкҳоро кафолат бидиҳад. Дар ҳоли ҳозир маблағи кафолатии амонатҳо хеле поин мебошад, ки боиси нобоварӣ ва адами эътимоди мардум ба низоми бонкӣ гаштааст. Ин меъёр бояд ба сатҳи байналмилалӣ бардошта шавад ва бояд чанд баробар иртиқоъ пайдо кунад;

— давлат бояд чораҳои лозимро барои эҷоди фазои мушорикат байни бонкҳо ва соҳибкорон/деҳқонҳо ба вуҷуд биёварад. Истифодабарандаи аслии қарзҳои бонкӣ бояд истеҳсолкунандагони маҳсулоти аввалия, соҳаи саноат ва кишоварзон бошанд;

— шаффофсозии минбаъдаи соҳаи бонкдорӣ бо роҳи ҷорӣ кардани технологияи нави бонкдорӣ ва назорати шадид бар рӯи фаъолияти онҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ;

— ташдиди ҷазои фасодкорӣ нисбати фиреби мизоҷон ва суистифода аз ҳолати монополии соҳибони бонкҳо ва кормандони онҳо.