Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ
Терроризм ва ифротгароӣ имрӯзҳо яке аз чолишҳои бузурги ҷаҳонӣ мебошад ва дар Тоҷикистон низ, заминаҳои рушди он вуҷуд дорад, ки аз ҷумла камбизоатӣ, фақр, фасод, бекорӣ, адами огоҳӣ ва омӯзиш, поймолшавии ҳуқуқ ва озодиҳоро метавон ба унвони заминаҳои он баршумурд.
Саркӯбгарӣ ва таҳқир нисбати дин ва арзишҳои динӣ, ноумедии ҷавонон аз ояндаи худ ва кишварро метавон аз сабабҳои аслии рушди терроризм ва ифротгароӣ дар кишвар ба ҳисоб овард.
Дар канори ин, суистифода аз мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва бо ин восита пӯшонидани қонуншиканиҳо ва саркӯбгариҳои худ, тамоюли аҳолӣ ба ифротгароиро бештар гардонидааст.
Паймони Миллии Тоҷикистон барои решакан кардани заминаҳои рушди терроризм ва ифротгароӣ чораҳои зерро пешбинӣ мекунад:
— бознигарӣ дар барномаҳо, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ-маъмурии вобаста ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ба хотири мутобиқ кардани онҳо бо чолишҳои воқеӣ ва барҳам додани заминаҳои аслии ин падидаҳои манфӣ;
— муборизаи шадид бо поймолшавии озодиҳо ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодиҳои динӣ-мазҳабӣ, фаъолияти муассисоти динӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ, ки омили таҳрик ва рушди терроризм ва ифротгароӣ дар минтақа гаштааст;
— рушди дидгоҳҳо ва андешаҳои мӯътадили сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ, ҳамчун ҷойгузини идеологӣ, алайҳи ифротгароӣ ва андешаҳои тундгароӣ;
— барномаҳои вижаи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои қишрҳои осебпазир, бахусус ҷавонон, барои ҷалби онҳо ба самти андешаҳои мӯътадил. Эҷоди фазои муносиб барои рушди фардии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон;
— ҷорӣ намудани барномаи нави таълимӣ оид ба дин, мазҳаб ва фарҳанги миллӣ дар муассисоти таълимӣ, дар ҳамкорӣ бо уламои динӣ, педагогҳои варзида ва мутахассисони ботаҷриба;
— авлавият додан ба чораҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирӣ ва фикрӣ дар масъалаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ;
— таъмини маҳалли касбу кор ва шуғл барои ҷавонон ва беҳтар намудани шароити таҳсил, фароғат ва варзиш;
— муборизаи шадид бо анвои зуҳуроти манфӣ, ки заминаи терроризм ва ифротгароиро дар ҷомеа ба вуҷуд меоранд; аз ҷумла фасод, порахӯрӣ, маҳалгароӣ ва хешутабормеҳварӣ, монополияи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ;
— эҷоди шароит барои ҷавонон дар мушорикати фаъол ва озод дар ҳаёти сиёсии кишвар, интихобот ва дигар сохторҳои давлатӣ;
— роҳ надодан ба суистифода аз мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, барои маҳдуд кардани озодиҳо ва ҳуқуқи шаҳрвандон.