Конститутсия ва қонун

Ислоҳоти конститутсионӣ ва қонунгузорӣ

Тоҷикистон пас аз истиқлолият дар солҳои аввал, дар самти ислоҳоти конститутсионӣ ва қонунгузорӣ пешравиҳои хуберо ноил гашт. Конститутсияи кишвар яке аз беҳтарин ва муосиртарин сарқонунҳои минтақа шинохта мешуд. Қонунҳои нав ва ислоҳоти қонунгузорӣ дар маҷмӯъ мусбат буда, ба самти демократикунонии ҷомеа, таъмини адолат ва баробарҳуқуқӣ, инчунин таъмини озодиҳо ва ҳуқуқи башар равона шуда буданд.

Мутаассифона, аз солҳои 2010 ин раванд сайри баръаксро оғоз намуд. Ба Сарқонун ва қонунҳои амалкунанда чандин тағйироту иловаҳо ворид гаштанд ва ё қонунҳои наве тасвиб шуданд, ки аксарият моҳияти маҳдуд кардани озодиҳо ва ҳуқуқи шаҳрвандон, таҳкими диктатура ва ҳокимияти як нафар, инчунин, аз байн бурдани иқтисоди озоду рақобатпазирро мусоидат намуд. Тамоми ин тағйирот барои як ҳадаф дар назар гирифта шуда буд: дар дасти як нафар — Президент ва хонаводааш ҷамъ шудани сарватҳои миллӣ, қудрати сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва таъмини заминаи қонунии ҳифзи ин вазъият то охир.

ПМТ ислоҳоти конститутсионӣ ва қонунгузориро яке аз ҳадафҳои асосии худ ва шарти аслии ислоҳоти ҳамаи паҳлӯҳои зиндагии ҷомеа медонад. Бидуни ин гуна ислоҳот, имкон надорад, ки дар кишвари мо ислоҳоти соҳавӣ дар сиёсат, иқтисод ва ҳуқуқ натиҷаи дилхоҳ бидиҳад. Решаи ҳамаи мушкилоти ҷомеаи мо дар он аст, ки фалсафа ва дидгоҳи доираҳои ҳоким ба самти мустаҳкам кардани яккаҳокимиятӣ ва он ҳам дар дасти Президент ва хонаводаи ӯ қарор гирифтани қудрат аст. Натиҷаи ин тағйироту иловаҳо ба матни конститутсия ва қонунҳои кишвар, сабаб гаштааст, ки иродаи як нафар табдил ба қонун бишавад.

ПМТ вазифаи худ мешуморад, ки вазъиятро ислоҳ намуда, майлу хоҳиш ва иродаи як нафарро аз матни қонун берун ва иродаи миллиро манбаи қонунгузорӣ намояд.

Бинобар ин, ПМТ чораҳои аввалия ва зарурӣ барои ислоҳоти конститутсионӣ ва қонунгузориро чунин мебинад:

— таъсиси комиссияи босалоҳият аз ҳисоби мутахассисон, барои омода кардани тарҳи ислоҳи конститутсионӣ ва қонунгузорӣ;

— омода кардани тарҳи Сарқонуни нав ва ё ҳадди ақал, илова намудани тағйирот ба Сарқонуни амалкунанда ва дар давоми се моҳи аввали пас аз ташкили Ҳукумати миллӣ, ба ҳамапурсии умумимиллӣ ва референдум гузоштани он;

— аз матни Сарқонун берун кардани тамоми меъёрҳо ва талаботе, ки ба арзишҳои аслии умумибашарӣ, озодиҳо ва ҳуқуқи инсон мухолифат доранд;

— матни нави Сарқонун ва ё тағйиру иловаҳо таавре омода мешаванд, ки имконияти суистифодаи ҳокимияти давлатӣ аз тарафи як нафар, ё як шохаи қудратро комилан аз байн бурда, тавозуни қудрат ва таодули байни шохаҳои ҳокимиятро барқарор намояд;

— мақоми «Пешво» ҳамчун як падидаи асримиёнагӣ ва мухолиф бо як низом ва ҷомеаи муосири демократӣ аз байн бурда мешавад;

— меъёри аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод будани президентҳои собиқ ва ё аҳли хонаводаи онҳо бекор гашта, баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун барқарор мешавад;

— тамоми қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ, ки солҳои ахир қабул гаштаанд ва мухолифат ба меъёрҳои байналмилалӣ дар масъалаи ҳуқуқи инсон, арзишҳои миллӣ ва мазҳабии ҷомеаи тоҷик доранд, фаъолияташон боз дошта мешавад ва ё дар онҳо тағйироту иловаҳои лозим ворид карда мешаванд;

— барои анҷоми ислоҳоти конститутсионӣ ва қонунгузорӣ, ҳамагӣ як сол замон таъин мешавад ва ҳукумати нави миллӣ ҳар се моҳ, ба миллат аз фаъолиятҳои анҷомшуда дар ин самт, дар қолаби гуфтугӯи ошкоро бо мардум, гузориш хоҳад дод.