Кишоварзӣ

Ислоҳоти кишоварзӣ ва замин

Агарчӣ Тоҷикистон кишвари аграрӣ дониста шудааст, аммо наметавон онро ба маънои воқеии калима аграрӣ номид. Зеро кишвари аграрӣ на он аст, ки аксари аҳолиаш дар деҳот зиндагӣ мекунанд, балки кишварест, ки қисми бештари даромади давлат ва аҳолӣ аз кишоварзӣ мебошад; дар ҳоле ки даромади аслии кишвари мо аз ҳисоби муҳоҷирон аст, на аз ҳисоби кишоварзӣ.

Тоҷикистон метавонад ба як кишвари пешрафтаи агросаноатӣ (дар марҳилаи аввал) ва баъдан саноатӣ-аграрӣ (дар марҳилаи дуввум) табдил ёбад. Мушкилоти асосии соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон, набудани сиёсати мушаххас ва санҷидашуда дар ин самт, фасоди идорӣ ва тиҷорати ғайриқонунии замин мебошад.

Тибқи таҳлилҳо, имрӯз як кишоварз бояд ба як гектар замин ба ҳисоби миёна, наздики ду ҳазор доллар сармоягузорӣ кунад, ки барои шароити кишвари мо хеле болост. Соҳаи кишоварзӣ ва муомилаи замин гирифтори фасоди амиқ буда, аз тақсими замин то ба бозор расидани маҳсулотро фаро мегирад. Тибқи таҳқиқоти коршиносон, танҳо барои гирифтани санадҳои лозим барои замин, аз 300 то 500 доллар ришва ситонда мешавад. Ба илова, порахӯрӣ дар масирҳои интиқоли бор ва роҳҳои мошингарди кишвар, ки бар рӯи нархи маҳсулот то расидани он ба бозор, таъсиргузор аст. Дар соҳаи кишоварзӣ ҳанӯз ҳам супоришҳои давлатӣ амал мекунад, ки деҳқонҳо маҷбур мешаванд, маҳсулотеро кишт кунанд, ки зараровар ё фоидаи камтар дорад, на он чизеро, ки бозор талаб мекунад ё худашон мехоҳанд. Дар натиҷаи ин сиёсатҳои ғалат, дастнорасии қарзҳои бонкӣ, андозҳои зиёд, қимматшавии маводди минералӣ, об ва дигар воситаҳои кӯмакрасон ва низ ришваситонии беҳадду ҳасри мақомот, кор дар замин барои аҳолӣ, асосан зиёновар буда, сокинони деҳот маҷбуранд, кишти заминро раҳо кунанд ва ба муҳоҷират рӯ биёранд.

ПМТ барои ислоҳи вазъи кишоварзӣ иқдомҳои зерро лозим мешуморад:

— таъсиси комиссияи босалоҳият барои омода кардани барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла муомила бо замин;

— таъсиси бунёди рушди кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо ҷалби мутахассисони дохиливу хориҷӣ ва амалӣ намудани тарҳҳои сармоягузорӣ ва додани қарзҳои имтиёзнок ба хоҷагиҳои деҳқонӣ;

— истифодаи таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои дигар, (мисли Ҳоланд), дар мудирияти соҳаи кишоварзӣ. Рақобатпазир намудани соҳибкории кишоварзӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон;

— ҷорӣ намудани технологияи муосири кишоварзӣ, обёрӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;

— ба сатҳи минималӣ расонидани андози хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ ва дар назар гирифтани субсид ва имконоти иловагӣ ба ин соҳа;

— ислоҳоти бахши обёрӣ, тақсими дуруст ва одилонаи захираҳои об байни хоҷагиҳо, минтақаҳо ва соҳибкорон;

— гузаштан ба қарздиҳии дарозмуддати боимтиёз барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони соҳа. Додани қарзҳои кӯтоҳмуддат бо суди боло, на танҳо кӯмак намекунад, балки хоҷагиҳоро муфлис намуда, боиси таназзули соҳа гаштааст;

— ислоҳоти васеи соҳаи заминдорӣ, тақсими одилонаи замин байни шаҳрвандон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, қадам ба қадам ҷорӣ намудани ҳаққи моликият ба заминҳои кишт, ба вуҷуд овардани бозори муосири замин;

— даст кашидан аз маҷбурсозии деҳқонон ба кишти ин ё он зироат аз тарафи мақомоти давлатӣ. Танҳо кишоварз ҳақ дорад муайян кунад, ки кадом навъи зироатро кишт намояд. Дар сурати супориши давлатӣ гирифтан, муомила байни давлат ва соҳибкор бояд дар асоси қонун ва нарх ва талаботи бозор сурат бигирад;

— ислоҳоти зерсохтори соҳаи кишоварзӣ, барқарор кардан ва азнавсозии базаи техникӣ/таъмирии соҳа, паркҳои тракторӣ;

— сохтани шабакаҳои нави таъминоти воситаҳои кишоварзӣ, анборҳо, яхдонҳо ва маконҳои ҳифзи маҳсулоти кишоварзӣ;

— барқарор кардан ва азнавсозии иншоот ва шабакаҳои обрасонӣ, ҷорӣ намудани технологияи муосири соҳа, ҷорӣ намудани услуби обёрии қатраӣ. Лозим аст, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафта ҳарчӣ зудтар ба соҳа ворид карда шавад ва яке аз вазифаҳои бунёди рушди кишоварзӣ низ дар ҳамин хоҳад буд.