Ислоҳоти мақомоти адвокатура ва институти намояндагии ваколатдор
Яке аз падидаҳои муҳим дар як давлати демократӣ, вуҷуди адвокатураи мустақил ва босалоҳият мебошад. Имрӯз дар кишвари мо институти адвокатура истиқлолияти худро аз даст дода, адвокат бештар нақши миёнарав байни маҳкумшуда ва мақомоти тафтишотиро дорад. Адвокатҳо барои фаъолияти касбии худ таҳти фишор буда, ҳатто барои анҷоми вазифаи худ, ба зиндон низ маҳкум шудаанд. ПМТ ислоҳот дар ин соҳа ва барқарор намудани ҷойгоҳ ва истиқлолияти адвокатҳоро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.
ПМТ барои анҷоми ин вазифа роҳкорҳои зерро дар назар дорад:
— таъсиси комиссияи босалоҳият аз ҳисоби адвокатҳо, барои омода кардани ислоҳоти лозим ва таҳияи лоиҳаи қонуни нав дар бораи адвокатура;
— адвокатура ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд аз таъсири мақомоти давлатӣ ва ҳокимияти иҷроия озод бошад ва чунин озодӣ аз ҷониби Сарқонун таъмин гардад. Ба “Қонун дар бораи адвокатура” мақоми қонуни конститутсионӣ дода шавад;
— ҳар шаҳрванд бояд ҳуқуқи вогузор кардани ваколатҳояшро ба намояндаи ваколатдори боэътимоди худ дошта бошад. Намояндаи ваколатдори шаҳрванд бояд аз тамоми ҳуқуқҳои адвокат бархӯрдор бошад. Мақоми намояндаи ваколатдорро “Қонун дар бораи намояндаи ваколатдор» муайян хоҳад намуд;
— Вазорати адлия танҳо вазифаи бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколатҳои адвокат вобаста ба фаъолияти адвокатиро дорад. Чунин бақайдгирӣ бояд ба таври автоматикӣ, дар асоси назари мусбати комиссияҳои атестатсионии (экзаменатсионии) иттиҳодияҳои адвокатӣ гузарад;
— эътои мақоми адвокатӣ барои довталабон, бар асоси салоҳдиди Иттифоқи адвокатҳо анҷом хоҳад гардид;
— иттиҳодияи адвокатҳо бояд дорои тамоми ваколатҳои танзими фаъолияти касбиашон бошанд. Аз он ҷумла оид ба масъалаҳои маориф, такмили ихтисос ва эътои иҷозат ба фаъолияти адвокатӣ (литсензия);
— дар сурати анҷом гирифтани ҳимояти ройгон, маблағи пардохтии ҳаққи адвокатҳо бар ӯҳдаи давлат хоҳад буд;
— аз лаҳзаи гирифтани ваколат оид ба ҳимояи шаҳрванд, адвокат бе мамониат, бе маҳдуд кардани вақт, ҳуқуқ ба муоширатро бо зерҳимояаш бояд дошта бошад. Дар рафти мурофиа, адвокат ва тарафи муқобил бояд имкониятҳои баробар дошта бошанд. Маҳдуд кардани фаъолияти адвокат мамнӯъ аст;
— мамониат дар фаъолияти адвокат, ҳангоми анҷоми вазифаи касбиаш, ҷазои сангин дар пай хоҳад дошт.