• Home
  • /
  • Дар бораи мо

Дар бораи мо - pmtj.org

ДАР БОРАИ МО

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) эътилофи сиёсӣ ва шаҳрвандии нерӯҳои мухолифи тоҷик мебошад, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии талошҳои нерӯҳои ислоҳталаб таъсис ёфтааст. Ҳадафи он ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мусоидат ба гузариши осоишта ба низоми давлатдорие мебошад, ки бар пояи иродаи мардум, адолат, волоияти қонун ва шоистасолорӣ бунёд ёфта бошад.

Ғояи таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон дар шароите ба миён омад, ки пас аз маҳдуд шудани фаъолияти нерӯҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дохили кишвар, зарурати ташкили як минбари муштарак барои ҳамкории нерӯҳои мухолиф бештар эҳсос мешуд. Бо ин ҳадаф моҳи майи соли 2017 дар Аврупо нахустин нишастҳои машваратии намояндагони гурӯҳҳои мухолифи тоҷик баргузор гардид. Дар ин нишастҳо масъалаи таъсиси як эътилофи фарогири сиёсӣ баррасӣ шуд, ки дар доираи он нерӯҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ бо нигоҳу андешаҳои мухталиф тавонанд дар асоси барномаи муштарак фаъолият намоянд.

Дар раванди ин машваратҳо чаҳор созмони мухталифи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ: Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Анҷумани озодандешони тоҷик, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон фаъолона иштирок доштанд. Ҳарчанд ба дигар гурӯҳҳо ва шахсиятҳои мухолиф низ барои пайвастан ба ин ташаббус даъват ирсол шуда буд, аммо танҳо чанде аз шахсиятҳои мустақил ба ин раванд ҳамроҳ шуданд.

Дар як силсила ҷаласаҳои машваратӣ масъалаҳои муҳими ташкилии эътилофи нав, аз ҷумла номи ташкилот, таҳияи низомнома, маромнома ва барномаи сиёсӣ, инчунин ташкили сохторҳои дохилии он мавриди баҳсу баррасии муфассал қарор гирифтанд. Яке аз масъалаҳои муҳим интихоби номи ташкилоти нав буд. Пас аз баррасии чанд пешниҳод, дар натиҷаи раъйгирии намояндагони созмонҳои муассис номи «Паймони Миллии Тоҷикистон» бо аксарияти овозҳо пазируфта шуд.

Ҳамзамон бо мувофиқаи тарафҳо Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми роҳбарикунанда таъсис дода шуд. Қарор гардид, ки аз ҳар як созмони муассис се намоянда ба ҳайати Шӯро шомил гарданд ва ҳамчунин се шахсияти дигар низ бо пешниҳоди муштараки созмонҳо ба ҳайати он ворид карда шаванд. Бо ин тартиб, ҳайати Шӯрои ПМТ иборат аз понздаҳ нафар таъсис ёфт.

Рӯзи 8 сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон, дар як ҷаласаи тантанавӣ таъсиси расмии Паймони Миллии Тоҷикистон эълон гардид. Дар ин маросим санади таъсисии эътилоф, Декларатсияи таъсисӣ аз ҷониби роҳбарони чаҳор созмони муассис ба имзо расид.

Ҳамон рӯз аввалин ҷаласаи Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар натиҷаи раъйгирии аъзои Шӯро, Муҳиддин Кабирӣ ба ҳайси роҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон интихоб шуд.

Аз замони таъсис то имрӯз Паймони Миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самтҳои гуногуни сиёсӣ ва иттилоотӣ ба роҳ мондааст. 

Намояндагони ПМТ дар ҳамоишҳо ва нишастҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар чорабиниҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), конфронсҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва дигар платформаҳои сиёсӣ ширкат варзида, масъалаҳои марбут ба вазъи ҳуқуқи инсон, озодии баён, маҳдудияти фаъолияти сиёсӣ ва саркӯби мухолифин дар Тоҷикистонро ба муҳокимаи ҷомеаи байналмилалӣ пешниҳод мекунанд.

Ҳамзамон ПМТ тавассути изҳорот, баёнияҳо, барномаҳои таҳлилӣ ва фаъолияти расонаӣ кӯшиш менамояд ҷомеаи тоҷикро дар бораи масъалаҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ огоҳ созад ва ба рушди андешаи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ мусоидат намояд.

Ҳадафи асосии Паймони Миллии Тоҷикистон мусоидат ба гузариши осоишта ба низоми мардумсолорӣ, маҳали диктатура, таъмини волоияти қонун, баргузории интихоботи озод ва шаффоф, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ташкили низоми сиёсие мебошад, ки дар он иродаи мардум сарчашмаи асосии ҳокимият бошад.

Дар баробари ин, аз ҷумлаи муҳимтарин ҳадафҳои Паймони Миллии Тоҷикистон баргаштани сарбаландона ва амни ҳамаи муҳоҷирони сиёсӣ ба Ватан ва озодии бечуну чарои ҳамаи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон мебошад. 

ПМТ бар ин бовар аст, ки бидуни адолат, озодии зиндониёни сиёсӣ ва фароҳам гардидани шароити бозгашти озоди мухолифин ба кишвар, рушди устувор ва сулҳи воқеӣ дар ҷомеа имконнопазир аст.

Паймони Миллии Тоҷикистон талош мекунад ҳамчун як минбари ҳамоҳангсозии нерӯҳои озодихоҳ ва як платформаи ҳамкорӣ барои ҳамаи шаҳрвандоне, ки ба ояндаи озод, одилона ва ҳуқуқбунёдии Тоҷикистон бовар доранд, хизмат намояд.

Андеша

Муколама

Иттиҳод

Пирӯзӣ