Паймони Миллии Тоҷикистон аз оғози баррасии дархости мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истирдоди фаъоли сиёсӣ, рӯзноманигори мустақил ва паноҳандаи расман эътирофшуда Шавкатҷон Шарипов (Шавкати Муҳаммад) дар Ҷумҳурии Австрия изҳори ташвиш намуда, мақомоти Ҷумҳурии Австрия ва ҳамаи ниҳодҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсонро даъват менамояд, ки ба ин парванда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
9 июли соли 2026 Шавкатҷон Шарипов аз Landesgericht für Strafsachen Wien даъватномаи расмӣ гирифт, ки тибқи он баррасии дархости истирдоди ӯ 5 августи соли 2026 дар додгоҳи Австрия таъин шудааст.
Паймони Миллии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ин дархости ҷониби Тоҷикистон дорои ангезаи сиёсӣ буда, қисми сиёсати чандинсолаи мақомоти Тоҷикистон дар самти таъқиби мухолифони сиёсӣ, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ин амал дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун таъқиби фаромиллӣ (Transnational Repression) эътироф гардида, борҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Парлумони Аврупо ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ маҳкум шудааст.
Дар сурати истирдод, Шавкатҷон Шарипов ба хатари воқеии боздошти худсарона, шиканҷа, муҳокимаи ноодилона ва таъқиби сиёсӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ин хатар бо гузоришҳои сершумори СММ, Amnesty International, Human Rights Watch, Freedom House ва дигар созмонҳои байналмилалӣ тасдиқ шудааст.
Ҳамчунин, парвандаи Ҳизбуллоҳ Шовализода, ки соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод шуда, баъдан Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Австрия истирдоди ӯро ғайриқонунӣ арзёбӣ кард, нишон медиҳад, ки арзёбии хатари воқеии нақзи ҳуқуқи инсон дар чунин парвандаҳо аҳамияти ҳалкунанда дорад. Ин иштибоҳ набояд дубора такрор шавад.
Қобили зикр аст, ки парвандаи Шавкатҷон Шарипов ягона нест. Имрӯз дар додгоҳҳои Ҷумҳурии Австрия парвандаҳои даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мақоми паноҳандаи сиёсӣ ё ҳимояи байналмилалӣ доранд, мавриди баррасӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, ин изҳорот ва бандҳои он ба ҳамаи мухолифони сиёсӣ, рӯзноманигорон ва паноҳандагони сиёсии Тоҷикистон, ки дар Австрия қарор доранд, дахл дорад.
Ҷумҳурии Австрия мутобиқи Конвенсияи Аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва Конвенсияи соли 1951 оид ба мақоми гурезаҳо ӯҳдадор аст принсипи манъи бозгардонӣ (non-refoulement)-ро пурра риоя намояд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, Паймони Миллии Тоҷикистон аз мақомоти Ҷумҳурии Австрия даъват менамояд:
– дархостҳои истирдоди Шавкатҷон Шарипов ва дигар паноҳандагони сиёсиро, ки дар сурати бозгашт ба хатари воқеии таъқиби сиёсӣ, шиканҷа ва муҳокимаи ноодилона рӯ ба рӯ мешаванд, рад намоянд; – мақоми паноҳандагӣ ва ҳамаи кафолатҳои ҳуқуқии онҳоро пурра эҳтиром намоянд; – иҷозат надиҳанд, ки механизмҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи таъқиби фаромиллии мухолифони сиёсӣ истифода шаванд.
Ҳамзамон, мо аз Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Шӯрои Аврупо, САҲА ва ҳамаи созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон даъват менамоем, ки ин ва дигар парвандаҳои шабеҳро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, барои ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти паноҳандагони сиёсии Тоҷикистон аз тамоми воситаҳои ҳуқуқӣ ва дипломатии мавҷуда истифода намоянд.
Ҳифзи як паноҳандаи сиёсӣ имрӯз танҳо ҳифзи як шахс нест; ин ҳимояи волоияти ҳуқуқ, озодии баён ва муқовимат ба таъқиби фаромиллии сиёсӣ мебошад.
Паймони Миллии Тоҷикистон
18 июли соли 2026
Изҳороти ПМТ дар бораи хатари истирдоди Шавкатҷон Шарипов аз Австрия ба Тоҷикистон
Изҳороти Паймони Миллии Тоҷикистон
Дар бораи хатари истирдоди Шавкатҷон Шарипов (Шавкати Муҳаммад) аз Ҷумҳурии Австрия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паймони Миллии Тоҷикистон аз оғози баррасии дархости мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истирдоди фаъоли сиёсӣ, рӯзноманигори мустақил ва паноҳандаи расман эътирофшуда Шавкатҷон Шарипов (Шавкати Муҳаммад) дар Ҷумҳурии Австрия изҳори ташвиш намуда, мақомоти Ҷумҳурии Австрия ва ҳамаи ниҳодҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсонро даъват менамояд, ки ба ин парванда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
9 июли соли 2026 Шавкатҷон Шарипов аз Landesgericht für Strafsachen Wien даъватномаи расмӣ гирифт, ки тибқи он баррасии дархости истирдоди ӯ 5 августи соли 2026 дар додгоҳи Австрия таъин шудааст.
Паймони Миллии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ин дархости ҷониби Тоҷикистон дорои ангезаи сиёсӣ буда, қисми сиёсати чандинсолаи мақомоти Тоҷикистон дар самти таъқиби мухолифони сиёсӣ, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ин амал дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун таъқиби фаромиллӣ (Transnational Repression) эътироф гардида, борҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Парлумони Аврупо ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ маҳкум шудааст.
Дар сурати истирдод, Шавкатҷон Шарипов ба хатари воқеии боздошти худсарона, шиканҷа, муҳокимаи ноодилона ва таъқиби сиёсӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ин хатар бо гузоришҳои сершумори СММ, Amnesty International, Human Rights Watch, Freedom House ва дигар созмонҳои байналмилалӣ тасдиқ шудааст.
Ҳамчунин, парвандаи Ҳизбуллоҳ Шовализода, ки соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод шуда, баъдан Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Австрия истирдоди ӯро ғайриқонунӣ арзёбӣ кард, нишон медиҳад, ки арзёбии хатари воқеии нақзи ҳуқуқи инсон дар чунин парвандаҳо аҳамияти ҳалкунанда дорад. Ин иштибоҳ набояд дубора такрор шавад.
Қобили зикр аст, ки парвандаи Шавкатҷон Шарипов ягона нест. Имрӯз дар додгоҳҳои Ҷумҳурии Австрия парвандаҳои даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мақоми паноҳандаи сиёсӣ ё ҳимояи байналмилалӣ доранд, мавриди баррасӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, ин изҳорот ва бандҳои он ба ҳамаи мухолифони сиёсӣ, рӯзноманигорон ва паноҳандагони сиёсии Тоҷикистон, ки дар Австрия қарор доранд, дахл дорад.
Ҷумҳурии Австрия мутобиқи Конвенсияи Аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва Конвенсияи соли 1951 оид ба мақоми гурезаҳо ӯҳдадор аст принсипи манъи бозгардонӣ (non-refoulement)-ро пурра риоя намояд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, Паймони Миллии Тоҷикистон аз мақомоти Ҷумҳурии Австрия даъват менамояд:
– дархостҳои истирдоди Шавкатҷон Шарипов ва дигар паноҳандагони сиёсиро, ки дар сурати бозгашт ба хатари воқеии таъқиби сиёсӣ, шиканҷа ва муҳокимаи ноодилона рӯ ба рӯ мешаванд, рад намоянд;
– мақоми паноҳандагӣ ва ҳамаи кафолатҳои ҳуқуқии онҳоро пурра эҳтиром намоянд;
– иҷозат надиҳанд, ки механизмҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи таъқиби фаромиллии мухолифони сиёсӣ истифода шаванд.
Ҳамзамон, мо аз Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Шӯрои Аврупо, САҲА ва ҳамаи созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон даъват менамоем, ки ин ва дигар парвандаҳои шабеҳро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, барои ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти паноҳандагони сиёсии Тоҷикистон аз тамоми воситаҳои ҳуқуқӣ ва дипломатии мавҷуда истифода намоянд.
Ҳифзи як паноҳандаи сиёсӣ имрӯз танҳо ҳифзи як шахс нест; ин ҳимояи волоияти ҳуқуқ, озодии баён ва муқовимат ба таъқиби фаромиллии сиёсӣ мебошад.
Паймони Миллии Тоҷикистон
18 июли соли 2026
Tags:
МУҲИМТАРИНҲО
ҶУСТУҶӮ
НАВТАРИН
Изҳороти ПМТ дар бораи хатари истирдоди Шавкатҷон
July 19, 2026Эрон ва дипломатия бо Трамп
April 13, 2026Ховари Миёна пас аз пирӯзии Эрон
April 9, 2026БАХШҲОИ МУҲИМ