Эрон ва дипломатия бо Трамп

Admin April 13, 2026 0 Comments

Эрон ба Исломобод ҳамчун пирӯзи майдон то ин лаҳзаи ҷанг рафт ва табиист, ки шартҳояш ба Амрико барои расидан ба як тавофуқ баромада аз ҳамин ҳисси пирузӣ буд. Шартҳое, ки қабулашон барои Трамп пазируфтани шикаст на танҳо дар майдони ҷанг, балки дар гуфтушунид ҳам маънидод мешуд. Ҳамон тавре, ки шартҳои Трамп низ барои Эрон қобили пазириш набуданд ва аз қабл маълум буд, ки ин даври музокирот чизеро ҳал карда наметавонад. Ягона натиҷае, ки метавонист ин даври музокирот дошта бошад, ин зинда нигаҳ доштани музокирот ҳамчун василаи имконпазир барои идомаи он  ва боз кардани роҳ барои даврҳои баъдӣ буд. Фикр кунам ин натиҷа ба даст омад, чун на Қолибоф ва на Венс нагуфтанд, ки дигар музокироте нахоҳад буд. Пас идомаи музокирот ҳануз имконпазир аст.

Ҳама чиз бармегардад ба Трамп. Чун ӯ аз натиҷаҳои 40 рузи ҷанг хеле асабонӣ аст ва умед дошт бо расидан ба як натиҷаи нисбӣ дар Исломобод онро ҷуброн кунад. Бо ин ҳадаф Венсро фиристод ва мехост қабл аз музокирот ба Эрон паём фиристад, ки дар расидан ба тавофуқ ҷиддӣ аст.

Венс мухолифи гузинаи ҷанг буд ва ҳам мухолифи иваз кардани ҳокимият дар Эрон бо истифода аз неруйи хориҷӣ. Ва болотарин сатҳе буд, ки имкон дошт дар ин музокирот ширкат кунад.

Супоридани музокирот ба дасти Рубио маънии «музокирот ба хотири музокирот» – ро дошт, ба Витков ва Кушнер додани ин рисолат таҳқири Эрон маҳсуб мешуд. Ҳоло Венси «мусолаҳакор» ҳам натавонист шартҳои Трампро биқабулонад ва онҳоро болои мизи Эрон гузошту баргашт. Трамп эълон кард, ки тангии Ҳурмузро пурра мебандад, то Эрон натавонад нафт бифрушад ва маҷбур ба ақабнишинӣ шавад. Оё ин шуданист?

Дар мақолаи қаблӣ гуфта шуд, ки Эрон пирӯзи майдон дар ин марҳала берун омад ва ба музокирот ҳамчун пируз рафт. Аммо, оё ин пирӯзиро дар дипломатия ҳам ҳифз хоҳад кард? Ва агар ҷанг боз идома ёбад, оё ҳамон дастовардҳоеро хоҳад дошт, ки дар марҳалаи аввал дошт?

Тими музокиракунандаи Эрон баёнгари он буд, ки Эрон ҳам ҷиддӣ аст ва ҳам омода барои ҳамагуна эҳтимолиятҳост. Дар ҳайати тим аз мутахассисони бонк гирифта, то вакилону низомиҳо вуҷуд доштанд. Яъне, ин баёнгари он буд, ки Эрон омода аст ҳама масоил ҳаминҷо баҳс ва ҳал шавад. Оне, ки тавофуқ нашуд натиҷаи он нест, ки тимҳо салоҳияти ҳалли масоилро надоштанд. Натиҷаи он буд, ки мавқеъҳо аз ҳам зиёд фосила дошт.

Табиист, ки Эрон вазъиятро таҳти контрол дорад ва нишон дод, ки аз имкониятҳои зиёд барои интихоби гузинаҳо ҳануз ҳам бархурдор аст. Аммо, идомаи ҷанг бо бастани пурраи Ҳурмуз ба руйи Эрон корро сахт хоҳад кард. Хелеҳо дар Амрико, ба хусус дар Исроил аз нокомии музокирот изҳори хушҳолӣ карданд, чун фикр мекунанд ин ҷанг ба аҳдофи худ нарасид ва дар нимароҳ монд. Ва ба ин боваранд, ки дар ниҳояти кор иқтисод ва артиши Эрон ба ҷанги тулонимуддат тоб нахоҳад овард. Онҳо ба ин боваранд, ки ҳунари дипломатии Эрон аз ҳунари размидан камтар нест.

Аммо Эрон чӣ гузинаеро барои худ авлавият медонад? Ба назари банда Эрон бояд Трампро дар мизи музокирот то ҷое ки имкон дорад, нигаҳ бидорад. Нагузорад, ки ин ҳисси шикасти Трамп ба ҳисси шикасти таҳқиромез табдил шавад. Ба Трамп имкон диҳад, ки тавонад гоҳ – гоҳ худро «пируз» эълон кунад.

Трамп дар бадтарин вазъияти худ дар ҳама самтҳо қарор дорад. Бо шикасти ягона «дӯсти аврупоияш» Орбан дар интихоботи Маҷористон ӯ ва Путин яке аз василаҳои фишор болои Аврупоро аз даст доданд ва ин асабонияти ӯро бештар хоҳад кард.

Магар ин, ки Эрон ин ҳамаро пешбинӣ карда бошад ва чунин ранг гирифтани кор ҷузъи нақшаи роҳ бошад.

Муҳиддин Кабирӣ

Tags:

Share: