Ховари Миёна пас аз пирӯзии Эрон

Admin April 9, 2026 1 Comments

Маълум нест, ки оё оташбаси дуҳафтаӣ побарҷо хоҳад монд ё не, аммо бидуни шак Эрон пирӯзи маърака аз ин марҳала берун омад. Эрон тақрибан ҳама чизеро, ки як кишвар дар ҷанг метавонад аз даст бидиҳад, аз роҳбар гирифта, то  муҳимтарин чеҳраҳои сиёсӣ ва низомии худро аз даст дод. Хеле чизро аз даст дод, аммо ҷангро набохт. Муҳимтарин нишонаи пирӯзиаш фурӯ нарехтани ҳокимият буд.
Аслан чаро ва чигунагии шикаст нахурдани Эрон худ як мавзӯъи ҷудогона ва васеъ аст, ки инҷо ба он бештар ишора нахоҳад шуд. Ин як мавзуъест, ки солҳо зеҳни сиёсатмадорон, таҳлилгарон ва доираҳои илмиро машғул хоҳад кард ва маҷбур хоҳанд шуд ҳама Эронро аз нав бишносанд.
Аммо, сахттарин шикастро дар ин моҷаро Трамп хурд ва фикр мекунам, ки ҳаракати MAGA ( Make America Great Again) ва ҷумҳурихоҳони Амрико пасларзаҳои шикасти Трампро дар ояндаи наздик эҳсос хоҳанд кард. Трамп табиист, ки худро пирӯз эълон хоҳад кард, аммо ҷуз худаш касе ба он бовар нахоҳад дошт, ҳатто Натаняҳу.

Трамп он вақт бар шикасти худ муҳри таъйид зад, ки алайҳи тамаддуни эронӣ эълони ҷанг кард. Аммо, як рӯз ҳам тоб наовард. Ҷолиб ин буд, ки Трамп хост Эронро ба «асри санг» баргардонад, бехабар аз он, ки як санг аз тарафи Эрон барои фурӯ резондани «асри шишагини» ҳампаймонҳояш дар Халиҷ кофӣ буд. Кишварҳои Халиҷ барои худ ҷеҳраи ҷаззобе барои сайёҳон ва сармоягузорон сохта буданд ва амну субот аслитарин омили он буд. Мантиқан онҳо набояд ҷонибдори ҷанге дар минтақа мебуданд ва зоҳиран талошҳое барои пешгирии он карданд. Аммо, хабарҳое ҳам аз таҳрики пасипардагӣ барои ҷанг ҳам нашр шуд.
Эҳтимол, ҷанг байни Амрико ва Эрон ба зудӣ тамом шавад. Аммо ин ба маънои анҷоми ҷанг дар Ховари миёна нест. Ба хусус бо Исроил ва кишварҳои арабии минтақа. Чун ин ҷанг захми амиқе дар баданаи минтақа гузошт ва мудовои он хеле тулонист. Эрон аз ин ҷанг сарбаланд, пирӯз ва бо баландпарвозиҳои минтақавии бештар берун омад. Аммо ҳамзамон захмӣ ва аз ҳамсояҳо ба шиддат нороҳат шуд. Чун дар задани ин захмҳо ҳамсояҳоро шарик медонад.

Кишварҳои арабии Халиҷи Форс дарк мекунанд, ки хоста ё нахоста дар як буҳрони сахт ва дарозмуддати ҳамзистӣ бо ҳамсояе мисли Эрон афтоданд. Қимори хатарноке буд, ки бохтанд ва ҳоло бояд фикр кунанд, ки аз он чигуна бояд бароянд. Ду роҳе бештар надоранд: ё бояд ҷанги ояндаи Амрикову Исроил алайҳи Эронро бо маблағи на камтар аз як триллион доллар сармоягузорӣ кунанд ё нисфи ҳамин маблағро ба Эрон ҳамчун ҷуброн барои барқарор кардани хисорот бипардозанд, то Эрон аз фикри интиқом даст бикашад. Ором кардани Эрон ва ёфтани забон барояшон ҳам арзонтар ва бедарди сар хоҳад буд. Мисле, ки Қатар аввалин шуда, инро дарк кард ва сӯҳбат аз пардохти бахше аз хасорот меравад.
Ҳоло маълум нест, ки оё ин ҷанг харитаи сиёсии Ховари миёнаро тағйир хоҳад дод ё на. Чун яке аз аҳдофаш ин буд ва Сарвазири Исроил ба сароҳат онро эълон кард. Аммо, он чизе ки мушаххас аст, ин тағйири тавозуни қудрат дар ояндаи минтақа аст. Манзур танҳо қудрати низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ нест. Қудрат ба маънои нуфуз ва василаҳои истифодаи он аст. Бидуни шак, Арабистони Саъудӣ қавитарин иқтисоди минтақа аст ва Исроил қавитарин ва омодатарин артиш. Масъалаи Туркия ба унвони дуюмин артиши НАТО фарқ мекунад ва онро бояд дар қолаби дигар таҳлил кард.

Ин ҷанг нуфузи Эронро дар минтақа ва ҷаҳон ба маротиб боло бурд ва ҳоло бояд мунтазири натиҷаи гуфтушунидҳо ва оташбас монд ва дид, ки оё ин нуфуз бештар хоҳад шуд ё на. Нуфузе, ки Эрон пас аз ҳодисаҳои Ғазза, Сурия ва Лубнон дар минтақа аз даст дода буд. Ҷанги 12 – рӯза Эронро заъифтар ва нуфузашро боз камтар кард. Эрон дар се соли охир таъсираш дар се пойтахти арабӣ – Димишқ, Бейрут ва Бағдодро аз даст дода буд. Мисле ки ҳама чиз бар зарари Эрон анҷом мешуд ва кор ба ҳаде расид, ки дигар тавони ҳифзи қудрат дар кишвар ҳам зери суол бурда мешуд, чӣ расад ба ҳифзи нуфуз дар минтақа.
Вақте гуфта мешавад, ки ин ҷанг нуфузи Эронро дар минақа боло бурд, ба маънои нуфуз дар долонҳои сиёсӣ ва болои сиёсатмадорону ҳукуматҳо нест. Баръакс, дар ҳукуматҳо ва доираҳои расмии ин кишварҳо тарс аз Эрони баъди ҷанг ҳоким аст. Тарс аз Эрони маҷруҳ, вале таъми пирузиро чашида дар назар аст. Эроне, ки таҷрибаи равон кардани паҳбоду мушак ба ин кившарҳоро дорад ва оянда ҳам тарсу тардиде нахоҳад дошт. Бадтар аз ин ҳама барои ҳокимони ин кишварҳо, Эроне ки дар ин ҷанг қалбу зеҳни миллатҳои минтақаро ба даст овард. Фаротар аз минтақаи Ховари миена ва Осиёи Марказӣ ҳам.
Инро ба унвони касе мегӯям, ки аз руҳия ва афкори мардум ва доираҳои сиёсиву илмии кишварҳои минтақа бо тақозои масъулиятҳо ва иртиботҳоям то ҷое огоҳам. Бароям хеле таъаҷҷубовар аст, ки шахсиятҳо ва гуруҳҳое дар гузашта аз хатари «пружаи ҳилоли шиъӣ» ва ҳатто « эҳёи маҷусият дар пушиши ислом» суҳбат мекарданд, имруз байни худ дар мадҳи Эрону эроният аз якдигар сабқат мегиранд. Ҳама чизи рабтдошта ба тамаддуни эронӣ ва забони форсӣ барои мардуми ин кишвар мавриди таваҷҷуҳ аст. Шабакаҳои иҷтимоиро бо аҳодис ва ривоятҳо дар бораи фазилати «қавми Салмони Форсӣ» пур мекунанд. Ба ҷуз иддаи андак, ҷаҳони аҳли суннат дигар аз Эрони «шиъӣ» на, аз Эрони «ҷузъи уммат» суҳбат мекунад. Ин як таҳаввулоти бузурги фикрӣ ва эътиқодӣ аст. Ва ин ҳама аз чашми ҳукуматдорони кишварҳои минтақа пинҳон нахоҳад монд ва нигаронии онҳоро бештар хоҳад кард. Ин ҳамон нуфузи воқеъист, ки дар борааш болотар гуфта шуд.

Баъид нест, ки ин ҷанг заминаи як «баҳори арабии» ҷадидро гузошта бошад. Чун, миллатҳои минтақа, ки ғурурашон аз тарафи ҳукуматҳои худкома, вале ҳамзамон тамаллуқкору вобаста поймол шудааст, худ ва ҳукуматҳояшонро бо миллат ва роҳбарони Эрон муқоиса хоҳанд кард. Табиист, ки ин муқоиса ба нафъи ҳокимони арабӣ нахоҳад буд. Мо дар Ховари Миёна пас аз ҷанг ҳолатеро хоҳем дошт, ки ҳукуматдоронаш аксаран дар як эътилофи сиёсиву низомӣ бо Амрикову Исроил ва мардумонаш дар як ҳамбастагии фикриву отифӣ бо Эрон хоҳанд буд. Ин духурагӣ чизе нест, ҷуз оғози як таҳаввулотҳои калони сиёсӣ ва фарҳангӣ дар Ховари Миёна.

Муҳиддин Кабирӣ

Роҳбари ПМТ

Tags:

Share: