• Home
  • /
  • Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб - pmtj.org

САВОЛУ ҶАВОБҲО

Барои пайдо кардани ҷавоб дар баробари ҳар савол аломати ҷамъ (+)-ро пахш кунед.

  • 01. Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) чӣ созмоне аст?

    Паймони миллии Тоҷикистон як эътилофи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ мебошад, ки неруҳои мухталифи сиёсӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсиятҳои мустақилро муттаҳид мекунад. Ҳадафи он мубориза барои бунёди як давлати мардуммеҳвар, ҳуқуқбунёд ва озод дар Тоҷикистон аст.

  • 02. ПМТ кай таъсис ёфтааст?

    Паймони миллии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2018 таъсис ёфтааст ва ҳамчун як эътилофи неруҳои мухолифи сиёсӣ барои ҳамоҳанг кардани мубориза барои озодии Тоҷикистон аз диктатура ва зулму истибдоди режим ташкил гардид.

  • 03. Ҳадафи асосии ПМТ чист?

    Ҳадафи асосии ПМТ бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва мардумсолор дар Тоҷикистон мебошад, ки дар он: ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳифз шаванд, интихоботи озод баргузор гардад, ҳокимият ба мардум тааллуқ дошта бошад., на ба як хонавода.

  • 04. Принсипи асосии муборизаи ПМТ чист?

    ПМТ муборизаи худро бар асоси усулҳои сиёсӣ, осоишта ва қонунӣ пеш мебарад. Эътилоф тарафдори муборизаи маданӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ барои сохтани ҷомеаи мардуммеҳвар ва шоистасолор мебошад.

  • 05. ПМТ кадом арзишҳоро ҳимоя мекунад?

    ПМТ аз арзишҳои зерин дифоъ мекунад: мардумсолорӣ, адолати иҷтимоӣ, озодии баён ва матбуот, интихоботи озод ва шаффоф, истиқлолияти судӣ, муборизаи беамон бо фасод

  • 06. ПМТ барои ислоҳоти сиёсӣ чӣ пешниҳод мекунад?

    Дар барномаи ПМТ ислоҳоти куллии сиёсӣ пешниҳод шудааст, ки Шумо метавонед аз бахши Барномаҳои ПМТ дар вбегоҳ пайдо кунед. Инҷо мухтсар ҷумла баён мешавад: Маҳдуд кардани салоҳияти ҳокимияти иҷроия, тақвияти нақши парламент, таъмини интихоботи воқеан озод ва шаффоф, тақвияти худидоракунии маҳаллӣ.

  • 16. Чаро таъсиси Паймони миллии Тоҷикистон зарур дониста шуд?

    Паймони миллии Тоҷикистон дар шароите таъсис ёфт, ки дар кишвар фазои сиёсӣ маҳдуд гардида, фаъолияти ҳизбҳо ва неруҳои мустақили ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳдуд ё манъ шуда буд. Бо мақсади муттаҳид кардани неруҳои демократӣ ва ҳамоҳангсозии мубориза барои ислоҳоти сиёсӣ, таъсиси ин эътилоф зарур шумурда шуд.

  • 17. ПМТ барои ояндаи Тоҷикистон чӣ дидгоҳ дорад?

    ПМТ Тоҷикистонро ҳамчун як давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва пешрафта мебинад, ки дар он: қонун бар ҳама болотар аст, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин мешавад, иқтисоди миллӣ рушд мекунад ва шаҳрвандон дар идоракунии давлат нақши фаъол доранд.

  • 18. ПМТ чӣ гуна метавонад ба ваҳдати миллӣ ва суботи кишвар мусоидат кунад?

    ПМТ бар ин назар аст, ки ваҳдати воқеии миллӣ танҳо дар шароити адолати иҷтимоӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва иштироки озоди ҳамаи неруҳои сиёсӣ дар ҳаёти кишвар имконпазир аст. Аз ин рӯ, эътилоф ҷонибдори муколамаи миллӣ, ислоҳоти сиёсӣ ва барқарории фазои озоди сиёсӣ мебошад.