БАРНОМАИ МО
Муқаддима
Ин барномаҳо шомили даҳ арсаи асосии рушди кишвар дар оянда аст. Дидгоҳҳо ва барномаҳои асосии ПМТ
Сиёсат, ҳуқуқ ва сохтор
Дастгоҳи иҷроияи Президент набояд мисли як шохаи алоҳидаи ҳокимият амал намояд.
Парлумон
Ҷаласаҳо онлайн пахш шаванд. ВАО, шаҳрвандон... дар рафти ҷаласаҳо бидуни дахолат бояд ширкат кунанд.
Ҳокимияти судӣ
Судяҳо бояд на аз тарафи Президент, балки бо пешниҳоди Шӯрои адлия, аз тарафи порлумон таъйин шаванд.
Ҳифзи ҳуқуқ
Cохторҳо бояд дар ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандон ва риояти қонун бошанд, на дар ҳифзи қудрат ва ҳукуматдорон
Конститутсия ва қонун
Мақоми «Пешво» ҳамчун як падидаи мухолиф бо низом ва ҷомеаи муосир аз байн бурда мешавад.
Адвокатура
Адвокатура бояд аз таъсири мақомоти давлатӣ ва ҳокимияти иҷроия озод бошад.
Зиндонҳо
Тамоми муассисаҳои ислоҳӣ бояд навсозӣ шаванд ва ба талаботи байналмилалӣ мутобиқат кунанд.
Иқтисод
Бояд шароите фароҳам шавад, ки ҳар шаҳрванд дар ватани худ даромад ва зиндагии шоистае дошта бошад.
Рушди саноат
Рушди саноат ва навоварии он, яке аз авлавиятҳои ислоҳоти иқтисодӣ дар ояндаи кишвар бояд бошад.
Андоз ва гумрук
Соҳаи андоз ва гумрук барои пешгирӣ аз фасод ва фишор ба соҳибкорон бояд комилан электронӣ карда шавад.
Кишоварзӣ
Тоҷикистон метавонад ба як кишвари пешрафтаи агросаноатӣ ва баъдан саноатӣ-аграрӣ табдил ёбад.
Маориф ва илм
Рушди маориф ва илм яке аз авлавиятҳои Паймони Миллии Тоҷикистон хоҳад буд.
Соҳаи тандурустӣ
Тоҷикистон байни кишварҳои Шӯравии собиқ, поёнтарин сатҳи маблағгузории давлатӣ дар соҳаи тибро дорад.
Матбуот
Вуҷуди расонаҳои мустақил ва озодии баён, яке аз лозимаҳои як ҷомеаи озод ва пешрафтаи муосир мебошад.
Дин
Давлат тамоми шароити қонуниро барои таҳсилоти динӣ ва ибодатҳо барои ҳама муҳайё месозад.
Фарҳанг ва адабиёт
Созмонҳо ва муассисоти фарҳангӣ ва эҷодӣ аз андоз ва пардохтҳои гуногун озод хоҳанд шуд.
Тундгароӣ
Суистифодаи мақомот аз мубориза алайҳи ифротгароӣ, тамоюли аҳолӣ ба ифротгароиро бештар гардонидааст.