• Home
  • /
  • ПМТ таҳдидҳои расонаии Русия алайҳи истиқлолияти Тоҷикистонро маҳкум мекунад

ПМТ таҳдидҳои расонаии Русия алайҳи истиқлолияти Тоҷикистонро маҳкум мекунад - pmtj.org

ПМТ таҳдидҳои расонаии Русия алайҳи истиқлолияти Тоҷикистонро маҳкум мекунад

Admin January 27, 2026 0 Comments
Изҳороти Паймони Миллии Тоҷикистон.
Паймони Миллии Тоҷикистон изҳороти охири бархе аз шахсиятҳои расонаӣ ва идеологӣ дар Федератсияи Русия, ки дар он таҳдид ба истиқлолияти кишварҳои пасошӯравӣ алалхусус Тоҷикистон садо дод маҳкум мекунад.
Мо таъкид мекунем, ки истиқлолият, тамомияти арзӣ ва баробарҳуқуқии давлатҳо арзишҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ буда, зери суол гузоштани онҳо ба эътимод, субот ва амнияти минтақа осеб мерасонад.
Муносибатҳои байнидавлатӣ бояд бар пояи эҳтироми мутақобил, дахлнопазирии марзҳо ва ҳамзистии осоишта бунёд ёбанд.
ПМТ бар ин назар аст, ки дар чунин вазъият мавқеи рӯшан ва масъулонаи мақомот аҳамияти махсус дорад. Ибрози мавқеи ошкоро дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ ба таҳкими эътимоди ҷомеа ва шарикони байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Бо дарназардошти таҳаввулоти геополитикии охир, ПМТ зарурати баррасии ҳамаҷонибаи масъалаи ҳузури пойгоҳи низомии хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистонро дар доираи манфиатҳои миллӣ, амнияти давлатӣ ва суботи минтақавӣ муҳим мешуморад.
Мо бар онем, ки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд барои эҷоди фишор, таҳдид ё хатар нисбат ба кишварҳои ҳамсоя истифода шавад. Тоҷикистон метавонад ва бояд нақши созанда дар таҳкими сулҳ, ҳамкорӣ ва эътимоди минтақавӣ дошта бошад.
Паймони Миллии Тоҷикистон аз мавқеи равшан ва вокуниши сареъи масъулини Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар Осиёи Марказӣ ва инчунин Арманистону Озарбойҷон дар Қавқоз, ки ба ҳимояи фазои солими сиёсӣ ва эҳтироми истиқлолияти давлатҳои минтақа равона шудааст, истиқбол намуда, изҳори сипос менамояд.
Мо, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи миллати тоҷик ва намояндаи манфиатҳои сокинони Тоҷикистон, омодагии худро барои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дӯст дар роҳи таҳкими сулҳ, субот ва рушд дар минтақа изҳор медорем.
Паймони Миллии Тоҷикистон
27 январи соли 2026.

Tags:

Share: